Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши гирифторӣ ба навъи "Делта"-и коронавирус дар Амрико


Даромадгоҳи як кафе дар Иёлоти Муттаҳида
Даромадгоҳи як кафе дар Иёлоти Муттаҳида

Мавридҳои гирифторӣ ба навъи "Делта"-и COVID-19 дар Амрико якбора афзуда, омори дар бемористонҳо хобидани маризон дар шаш моҳи охир рекордӣ шудааст.

Баъзе аз ҳолатҳои паҳншавии навъи "Делта"-и коронавирус дар гӯшаҳои ҷудогона ҳоло ба як мушкили саросари кишвар табдил шудааст.

Ҷануби Амрико минтақаҳои осебдида буда, иёлоти Арканзас, Флорида, Луизиана ва Миссисиппи бештар аз ҳама даргири ин вирус мебошанд.

Вирус инчунин дар минтақаҳое доман паҳн мекунад, ки нишондодҳои баланди эмгузаронӣ доранд. Дар муқоиса бо аввали моҳи июл, шумори бистаришудаҳо чор баробар афзуда, беш аз 65 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Омори фавт рӯзона тахминан дар атрофи 500 нафар мемонад ва ин нишондод дар ду ҳафтаи гузашта тахминан 100 дарсад бештар шудааст.

Ба иттилои Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар Иёлоти Муттаҳида, аз 50 иёлат дар 38-тои он гирифтории аз ҳад зиёд ба беморӣ мушоҳида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар Амрико 60 дарсади аҳолии аз 12-сола боло пурра эм шудаанд. Аксар мавридҳои нави сирояти беморӣ ва бистарӣ шудани маризону фавти баъзеи онҳо марбут ба қишри эмнашуда мебошад.

XS
SM
MD
LG