Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи як эронии муттаҳам ба ҷинояти ҷангӣ дар Шветсия шуруъ шуд


Ҳомид Нурӣ соли 2019 ҳангоми ворид шудан ба хоки Шветсия датсгир шуд
Ҳомид Нурӣ соли 2019 ҳангоми ворид шудан ба хоки Шветсия датсгир шуд

Рӯзи 10-уми август мурофиаи додгоҳии Ҳомид Нурӣ, додситони собиқи Эрон, дар Шветсия оғоз шуд. Вай ба даст доштан дар ҳукми қатли ҳазорҳо дигарандешони сиёсӣ дар Эрон гумонбар аст.

Ин ҳодисаро зарба ба режими Ҷумҳурии Исломӣ меноманд.

Ҳомид Нурӣ 60 сол дорад ва соли 1988, вақте ҳукми қатли 5 ҳазор зиндонии сиёсӣ иҷро шуд, ӯро барои содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам намуданд.

Ҷониби айбдоркунанда дар додгоҳи Шветсия гуфт, моҳҳои июл ва августи соли 1988 Нурӣ дар мақоми ёвари муовини прокурор дар зиндони Гуҳардашти шаҳри Караҷ кор мекард ва метавонист дар содир кардани ҷиноятҳои сангин иштирок кунад.

Вакили дифои гумонбар Томас Содерквист рӯзи 10-уми август гуфт, Нурӣ “даст доштан дар қатлҳои эҳтимолии соли 1988-ро рад мекунад”.

Ба иттилои телевизиони ҷамъиятии SVT, Нурӣ моҳи ноябри соли 2019 ҳангоми ба Шветсия ворид шудан боздошт шуд ва аз он замон то кунун дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шудааст.

Қонунҳои Шветсия ба мӯҳлату замони содир шудани ҷиноят аҳамият намедиҳад ва шахсони гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои сангине ба мисли куштор ва ё ҷиноятҳои ҷангиро мавриди муҳокима қарор медиҳад.

Додгоҳе, ки субҳи имрӯз шуруъ шуд, интизор меравад, моҳи апрели соли оянда ба анҷом расад ва дар ин муддат додгоҳ бояд баёноти даҳҳо шоҳидро бишунавад.

XS
SM
MD
LG