Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Томас Бах: Олимпиадаи Токио-2020 ба мо умед ба оянда мебахшад


Маросими пӯшидашавии Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон шоми 8-уми август баргузор шуд. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах дар ин маросим зимни суханрониаш гуфт, ки Олимпиадаи Токио-2020 дар пасманазари пандемияи COVID-19 ба ҷаҳон умед бахшид.

Олимпиадаи Токио-2020 бо сабаби бӯҳрони глобалии тандурустӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, назар ба нақша як сол дертар баргузор шуд. Як қатор чораҳои зидди COVID-19 аз ҷониби созмондиҳандагон ҷиҳати таъмини бехатарии варзишгарон амалӣ карда шуданд, аммо ба мухлисон барои иштирок дар мусобиқаҳо иҷозат дода нашуд.

Томас Бах дар муроҷиат ба варзишгарон гуфт, "шумо бо ин қудрати муттаҳидкунандаи варзиш ба мо илҳом бахшидед. Ин бо дарназардошти мушкилоти зиёде, ки шумо бо сабаби пандемия дучор шудед, боз ҳам аҷибтар буд. Дар ин замони душвор, ки ҳамаи мо аз сар мегузаронем, шумо ба ҷаҳон қиматтарин тӯҳфа – умед - медиҳед. Бори аввал аз замони оғози пандемия тамоми ҷаҳон ҷамъ омаданд. Варзиш ба марҳилаи марказӣ баргашт. Миллиардҳо нафарро дар саросари ҷаҳон эҳсосот муттаҳид месохт, лаҳзаҳои шодӣ ва илҳомро мубодила мекарданд. Ин ба мо умед мебахшад. Ин ба мо эътимод ба оянда мебахшад. Бозиҳои олимпии Токио-2020 Бозиҳои олимпии умед, ҳамбастагӣ ва сулҳ мебошад".

Президенти Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 Сейко Ҳошимото дар навбати суханронии худ кори табибон ва волонтёрҳоро ҷиҳати рафъи як қатор мушкилот ситоиш кард. Вай инчунин аз талошҳои варзишгароне, ки омодагиҳояшон ба Бозиҳо бо сабаби пандемия халалдор шуда буд ва бояд дар вақти дар пойтахти Ҷопон буданашон ба протоколҳои COVID-19 риоя кунанд, истиқбол кард.

- Ҳеҷ калимае барои тавсиф кардани он чизе ки шумо дар Токио ба даст овардаед, вуҷуд надорад. Шумо он чизеро, ки тасаввурнашаванда менамуд, қабул кардед, фаҳмидед, ки чӣ кор кардан лозим аст ва бо меҳнат ва истодагарӣ душвориҳои аҷибро паси сар мекунед. Ин ба Олимпиадаи ҳақиқӣ расонд. Ғалабаи хурсандонаи як варзишгар мағлубияти талхи дигаре аст. Бо вуҷуди ин, дар як лаҳза ғолиб ва мағлуб дар ҳамон эҳсоси эътироф ва эҳтиром ҷамъ меоянд. Ин зебоии Бозиҳои олимпӣ аст. Ин арзиши рӯҳияи олимпӣ аст”, - гуфт Ҳошимото.

Олимпиадаи навбатии тобистона соли 2024 дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж – баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон 23-юми июл оғоз шуда, 8-уми август ба анҷом расид. Он аз 19 рӯзи рақобат, 339 мусобиқа иборат буд. Дар Бозиҳо 112059 варзишгар аз 205 давлати ҷаҳон ва дастаи олимпии паноҳандагон ширкат карданд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорон 2401 медал тақдим шуд. Бори аввал дар таърихи бозиҳо 93 кумитаи миллии олимпӣ соҳиби медал шуданд, аз ҷумла се кумитаи миллии олимпӣ аввалин бор медали олимпӣ ба даст оварданд – Буркина Фасо, Туркманистон ва Сан-Марино, се кумитаи миллии олимпии дигар бори аввал медали тиллои олимпиро ба даст оварданд - Бермуда, Филиппин ва Қатар.

Дар ҷадвали ғайрирасмии ҳисоби медалҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 113 медал – 39 тилло, 41 нуқра, 33 биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Чин бо касби 88 медал – 38 тилло, 32 нуқра, 18 биринҷӣ - дуюм, Ҷопон бо касби 58 медал – 27 тилло, 14 нуқра, 17 биринҷӣ – сеюм шуданд.

Миёни варзишгарон бошад, шиновари амрикоӣ Калеб Дрессел бо ба даст овардани 5 медали тилло дар садри ҷадвал қарор гирифт. Шиноварони Австралия Эмма Мкеон 7 медал (4 тилло, 3 биринҷӣ), Кейлӣ Мкеовн 4 медал (3 тилло, 1 биринҷӣ), камонвари Кореяи Ҷанубӣ Ан Сан 3 медали тилло, қайиқрони Зеландияи Нав Лиза Каррингтон 3 медали тилло, даванди амрикоӣ Элайнӣ Томпсон-Ҳераҳ 3 медали тилло ба даст оварданд.

Вале Тоҷикистон, ки бо шумумли 10 варзишгар аз рӯи чор намуди варзиш (бокс, ҷудо, шиноварӣ ва варзиши сабук) дар Олимпиадаи Токио ширкат кард, аз медалҳо бенасиб монд.

XS
SM
MD
LG