Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодаи ИМА барои музокирот бо Толибон ба Қатар меравад


Залмай Халилзод, фиристодаи аршади ИМА барои Афғонистон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар Душанбе. Моҳи маи соли 2021
Залмай Халилзод, фиристодаи аршади ИМА барои Афғонистон дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар Душанбе. Моҳи маи соли 2021

Фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон, Залмай Халилзод, рӯзи 10-уми август барои мулоқот бо раҳбарияти Толибон ба Қатар меравад, то онҳоро ба хатми ҳамлаҳои густурдаашон дар ин кишвар водор кунад.

Дар чанд рӯзи гузашта чандин маркази вилоятҳои Афғонистон таҳти назорати Толибон даромад.

Рӯзи 9-уми август Департаменти давлатии Амрико дар изҳороте гуфт, Халилзод “ба Толибон фишор хоҳад овард, то ки ҳамлаҳои низомии худро бас карда, ба музокироти сиёсӣ рӯ оваранд”.

Дар ҳоле ки ИМА ва муттафиқонаш ба берун бурдани нирӯҳо аз Афғонистон идома дода, ният доранд, то поёни моҳи август ин барномаро анҷом бидиҳанд, Толибон аз 1-уми май ҳуҷумҳои густардаи худро суръат бахшидаанд.

Дар фазои босуръат идома ёфтани ҳуҷумҳои Толибон дар саросари кишвар, низомиёни ИМА ҳушдор медиҳанд, ки вазъи амниятии Афғонистон дар “самти дуруст пеш намеравад” ва аз ҳукумати Кобул тақозо карданд, барои ҳимояти худ кори бештаре анҷом диҳанд.

Сухангӯи Вазорати дифои Амрико, Ҷон Кирби, рӯзи 9-уми август дар ин замина нигаронии амиқ баён кард, вале айни замон гуфт, ки нирӯҳои Афғонистон барои ҳимояти кишвар дар муқобили гурӯҳи мусаллаҳи усулгаро, ки то ҳол назорат бар маркази шаш вилоятро ба даст овардааст, тавонманд мебошанд.

Рӯзи 9-уми август маркази вилояти Самангон – шаҳри Ойбак ҳам зери назари Толибон гузашт ва даргириҳо дар минтақаҳои дигари шимолии кишвар – Балх, Тахор ва Кундуз идома дорад.

XS
SM
MD
LG