Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" пешсафиашро дар мусобиқаи лигаи олӣ идома медиҳад


Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд.
Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд.

Бо бозиҳои даври 14-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 7-8-уми август баргузор шуданд, нимаи дувуми мавсим оғоз ёфт.

Пешсафи ҷадвали мусобиқа - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – дар сафар бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. «Истиқлол», ки дар зинаи дувум қарор дорад, дар майдони худ «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки бар дастаи меҳмон - «Эсхата»-и Хуҷанд - бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад, дар ҷадвал ба зинаи севум баромад.

Дар бозии дигар ССКА-и Душанбе дар майдони худ «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бозӣ миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 14-ум

«Истаравшан» – «Эсхата» – 2:0

Голҳо: Ҷаъфар Исмоилов, 31 (1:0). Ҷаъфар Исмоилов, 48 (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷаъфар Исмоилов («Истаравшан»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

7 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 10 000 тамошобин.

ССКА – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 4 (1:0). Жан Гатен НД, 9 (1:1). Комрони Мирзонажод, 90+4 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Айдан Окран (ССКА).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

7 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 300 тамошобин.

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:3

Голҳо: Артём Сердюк, 20 (0:1). Самандар Очилов, 42 (0:2). Муҳаммад Саломзода, 57 (1:2). Дилшод Бозоров, 90+4 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Кароматулло Саидов («Хуҷанд»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

8 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1200 тамошобин.

«Равшан» – «Душанбе» – 1:1

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 22 (1:0). Ҷамшед Муродов, 87 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Рустамов («Равшан»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

8 август. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 6000 тамошобин.

«Истиқлол» – «Файзканд» – 4:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 34 (1:0). Анвар Муродов, 44 – ба дарвозаи худ (2:0). Ислом Зоиров, 55 (3:0). Алишер Ҷалилов, 60 (4:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Ислом Зоиров («Истиқлол»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

8 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

13

9

1

3

29-14

28

2

«Истиқлол» (Душанбе)

11

7

3

1

26-6

24

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

14

6

4

4

16-12

22

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

14

6

2

6

22-27

20

5

«Равшан» (Кӯлоб)

13

4

5

4

16-16

17

6

«Хатлон» (Бохтар)

14

4

5

5

15-16

17

7

ССКА (Душанбе)

14

3

5

6

16-21

14

8

«Душанбе» (Душанбе)

14

3

5

6

18-29

14

9

«Файзканд» (Восеъ)

13

3

4

6

10-17

13

10

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

14

3

4

7

18-28

13

Нишонзанҳо: Акобир Тураев («Эсхата»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 8-тӯбӣ, Рустам Соиров («Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 7-тӯбӣ, Абдухалил Боронов («Файзканд») – 6 тӯб.

Даври 15-ум

14 август (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Хуҷанд» – «Равшан»

«Файзканд» – «Истаравшан»

15 август (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:30

«Хатлон» – «Истиқлол»

«Душанбе» – ССКА

«Эсхата» – «Кӯктош»

XS
SM
MD
LG