Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо дар Оренбурги Русия


Ҷаҳонгир Маҷидов (аз чап аввал).
Ҷаҳонгир Маҷидов (аз чап аввал).

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 7-8-уми август дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора сомонаи Федератсияи ҷудои Русия хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Ҷаҳонгир Маҷидов дар ин мусобиқа дар вазни то 90 кило дар даври ниҳоӣ бо Мирзо Шукориев, варзишгари тоҷики муқими Русия, рақобат кард. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии Шукориев, ки Русияро намояндагӣ кард, ба анҷом расид.

Бояд гуфт, ки Шукориев соли 2019 барандаи се Ҷоми Аврупо миёни навҷавонон шудааст. Маҷидов бошад, қаблан дар радабандии ҷаҳонии ҷудо миёни наврасону навҷавонон пешсаф буд.

Мирзо Шукориев, ки дар Русия ба сар мебарад, бо раҳбарии мураббиёни шинохта, зодагони Тоҷикистон - бародарон Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо тамрин мекунад. Зимнан, ду нафар бародарзодаҳои онҳо Сомон ва Маҳмадбек Маҳмадбековҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Сомон Тоҷикистонро ва Маҳмадбек Русияро намояндагӣ мекунанд.

- Ман фикр мекунам, ки хуб мубориза бурдам. Ман муддати тӯлонӣ ҳунарнамоӣ накардаам, аз ин рӯ эҳтиёткор будам. Финал бароям душвор сурат гирифт. Рақибам пуртаҷриба буд ва дар мусобиқаҳои “Гран -при” ва “Grand Slam” иштирок кардааст. Аммо дар ниҳоят ба рақиби худ дар муқобили ҳамлаи ӯ ғолиб шудам, - гуфт Мирзо Шукориев.

Дар ин вазн Андрей Уваров ва Сергей Скоробогатов (ҳарду аз Русия) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург, ки бо иштироки ҳудуди 200 варзишгар аз 14 кишвари Аврупо ва Осиё доир гардид, дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Русия мақоми аввалро касб кард. Русиягиҳо ҳашт медали тилло, ҳафт нуқра ва 21 нишони биринҷӣ гирифтанд.

Дастаи Қазоқистон дувум (2 – 2 – 2) ва мунтахаби Хорватия (2 – 0 – 2) мақоми севумро азони худ карданд. Варзишгарони Беларус ва Ҳолланд яктоӣ медали тилло ба даст оварданд. Ҳамчунин гуштигирони Италия, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Молдова якборӣ ба пояи ҷоизадорони мусобиқа баромаданд. Ба ҷуз аз Ҷаҳонгир Маҷидов дар ин мусобиқа ҳафт варзишгари дигари тоҷик натавонистанд медал бигиранд.

Мусобиқаи ояндаи Ҷоми бози Аврупо рӯзҳои 18-19-уми сентябр дар Сараевои Босния ва Ҳерсеҳовин баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG