Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон маркази Нимрӯзро "гирифтаанд". Нигарониҳо аз куштори ғайринизомиён дар Афғонистон. ВИДЕО


Заранҷ, вилояти Нимрӯз
Заранҷ, вилояти Нимрӯз

Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи ҷумъа назорат бар шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз (дар марз бо Эрон)-ро ба таври пурра ба даст гирифтаанд. Ин аввалин маркази як вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи ифротӣ суқут мекунад.

Як мансабдори вилоятӣ, ки нахоста номаш бурда шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, Толибон шаби гузашта як вулусволӣ ё ноҳияи Нимрӯзро (дар 40-километрии Заранҷ) низ тасарруф карданд ва дар ин ҳодиса беш аз сӣ нерӯи амниятӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Ӯ афзуд, Эрон рӯзи ҷумъа дар наздикии марз бо Афғонистон урдугоҳ ё паноҳгоҳро барои муҳоҷироне, ки аз Афғонистон сарозер мешаванд, сохтааст.

Як мақоми дигар ҳам, ки нахост номи ӯ нашр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи ҷумъа 40 дарсади мардуми Заранҷ, аз ҷумла аъзои нерӯҳои амниятӣ ва оилаҳояшон пеш аз ин ки шӯришиён дохили шаҳр шаванд, ба урдугоҳи "Абрешим", ки дар он тарафи сарҳад аз сӯи Эрон сохта шуда буд, паноҳ бурданд. Баъзе аз паноҳҷӯён мегӯянд, марзбонҳои эронӣ онҳоро гузаштан намонданд.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Аз оғози берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш аз Афғонистон ҳамлаҳои Толибон шиддат гирифтааст.

Ин гурӯҳи ситезаҷӯ минтақаҳои зиёде, хусусан маҳалҳои наздимарзиро зери назорат дароварда, набардҳои сахтеро барои аз худ кардани марказҳои вилояти Ҳироту Қандаҳор ва Ҷузҷон оғоз кардааст.

Манобеи Толибон ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, суқути Заранҷ "рӯҳияи ҷангҷӯёнро барои тасхири дигари вилоятҳо афзоиш додааст". Як фармондеҳи Толибон низ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, Заранҷ барои ин гурӯҳ аҳамияти стратегӣ дорад, "чун дар сарҳад бо Эрон аст".

"Рейтерз" менависад, дар манотиқи дигари Афғонистон низ Толибон ҳамлаҳои худро шиддат бахшида, дар талош ҳастанд, гӯшаҳои наздимарзиро тасарруф кунанд.

Дар манотиқи шимолии Афғонистон ба камияш 10 нерӯи низомии зери раҳбарии генерал Абдурашид Дӯстум дар вилояти Ҷузҷон ба дасти нерӯҳои Толибон кушта шудаанд. Дар миёни кушташудагон як фармондеҳи аршад низ будааст.

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки нерӯҳои Толибон дар манотиқе, ки тасарруф кардаанд, "даст ба куштори ғайринизомиёну ғорати амвол мардум задаанд".

Толибон Давохон Менапал, раиси Маркази иттилооту расонаҳои Афғонистонро рӯзи ҷумъа дар Кобул террор карданд.

Ду рӯз пеш ин гурӯҳи ифротӣ Абдуллоҳ Отифӣ, шоиру муаррихи Афғонистонро дар манзилаш дар вилояти Урузгон шиканҷа карда, ба қатл расонданд.

Ҳамзамон полиси вилояти Балх дар Афғонистон эълом кард, ки Толибон як зани ҷавонро ба далели ин ки ҳангоми сафар марде аз наздиконаш ҳамроҳи ӯ набудаву либоси кӯтоҳ пӯшида буд, тирборон карданд. Дар вилояти Бодғис Толибон як зани ҷавонро, ки собиқаи ширкат дар маъракаи эмкунӣ ба зидди фалаҷи атфол доштааст, куштаанд.

XS
SM
MD
LG