Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии Чин дар Олимпиадаи Токио идома дорад


Варзишгарони Чин дар Токио.
Варзишгарони Чин дар Токио.

Бозиҳои 32-юми тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то рӯзи 8-уми август идома хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол дар ин Олимпиада варзишгарони 86 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 61 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Дар Олимпиадаи Токио ҳоло аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 73 медал, аз он ҷумла 33 нишони тилло, гирифтаанд.

Мақоми дувумро мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 86 медал, минҷумла 27 нишони тилло, азони худ кардааст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 43 медал, ки 21-тоаш тиллост, дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Австралия (17-4-18), Британияи Кабир (16-18-16), Русия (15-21-19), Олмон (9-9-16), Италия (7-10-17), Нидерланд (7-8-9) ва Зеландияи Нав (7-6-6) дохиланд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Гурҷистон (2-4-1), Узбекистон (2-0-1), Украина (1-2-9), Беларус (1-0-1), Эстония (1-0-1), Латвия (1-0-0), Арманистон (0-2-1), Қирғизистон (0-2-1), Туркманистон (0-1-0), Қазоқистон (0-0-6) ва Озарбойҷон (0-0-3) бо медалҳои Олимпиадаи Токио мукофотонида шудаанд.

Вале варзишгарони ду кишвари дигари пасошӯравӣ – Литва ва Молдова - то ҳоло дар ин Бозиҳо медал нагирифтаанд.

Варзишгарони Тоҷикистон низ, ки сабқати худро дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ ба анҷом расониданд, натавонистанд медал ба даст биёранд. Зимнан, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон натавонист медал бигирад.

Ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио ноком шуданд. Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров ва Баҳодур Усмонов (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо), Олимҷон Ишонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (дар риштаи варзиши сабук) дар Токио бе медал монданд.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд.

Умуман, мунтахаби ТОҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст. Медали тиллоро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, медали нуқраро Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод гирифтаанд.

Ду медали биринҷии олимпиро Расул Боқиев дар риштаи ҷудо ва Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона ба даст овардаанд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон, ки бори ҳафтум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кард, ин дафъа бе медал монд.

XS
SM
MD
LG