Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио-2020: Қирғизистон ҳам соҳиби медал шуд


Акжол Маҳмудови қирғиз дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио имрӯз, 3-юми август, дар мусобиқаи гуштии юнониву румӣ миёни мардон дар вазни то 77 кило медали нуқра ба даст овард. Ин аввалин медали Қирғизистон дар Олимпиадаи Токио-2020 ба шумор меравад.

Акжол Муродови 22-сола дар 1/8 финал бар Ҷамшед Муафӣ аз Тунис бо ҳисоби 11:0, дар 1/4 финал бар Рафиқ Ҳусейнов аз Озарбойҷон бо ҳисоби 9:1 ва дар 1/2 финал бар Карапет Чалян аз Арманистон бо ҳисоби 6:2 пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Вале паҳлавони ҷавони қирғиз дар қувваозмоии ниҳоӣ аз қаҳрамони ҷаҳон Тамас Лоринжи 34-сола аз Маҷористон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Инчунин имрӯз, 3-юми август, варзишгари машҳури қирғиз Айсулуу Тинибековаи 28-сола, қаҳрамони ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ ва қаҳрамони секаратаи Осиё, дар сабқати гуштии озод миёни занон дар вазни то 62 кило баъди пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ бар Ирина Колиаденкои украинӣ бо ҳисоби 10:0 ба финал, ки 4-уми август доир мегардад, роҳ пайдо кард. Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии ниҳоӣ Айсулуу ҳадди ақал бо медали нуқра сарфароз мешавад, яъне ӯ ба мунтахаби Қирғизистон ё медали тилло ва ё нуқра меорад.

Имрӯз боз як намояндаи Қирғизистон - Мерим Жуманазароваи 21-солаи қирғиз - дар сабқати гуштии озод миёни занон дар вазни то 68 кило барои медали биринҷӣ бо қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Баттсетсег Соронзонболд, варзишгари 31-солаи муғул, мубориза хоҳад бурд.

Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 83 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 57 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 68 медал, аз он ҷумла 32 нишони тилло, 20 нуқра ва 16 биринҷӣ гирифтаанд. Мақоми дувумро мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 68 медал, минҷумла 22 нишони тилло, 27 нуқра ва 19 биринҷӣ азони худ кардааст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 36 медал, ки 19-тоаш тилло, 6-тоаш нуқра ва 11-тоаш биринҷист, дар мақоми севум қарор дорад.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Австралия (14-4-15), Британияи Кабир (13-16-13), Русия (12-21-18), Олмон (8-8-14), Фаронса (6-10-8), Нидерланд (6-7-7) ва Кореяи Ҷанубӣ (6-4-9) дохиланд.

Аз кишварҳои Шӯравии собиқ ба ҷуз аз Русия, варзишгарони Гурҷистон (1-4-1), Беларус (1-0-1), Эстония (1-0-1), Узбекистон (1-0-1), Латвия (1-0-0), Украина (0-1-5), Қирғизистон (0-1-0), Туркманистон (0-1-0), Қазоқистон (0-0-3), Озарбойҷон (0-0-2) ва Арманистон (0-0-1) бо медалҳои Олимпиадаи Токио мукофотонида шудаанд.

Вале варзишгарони ду кишвари дигари пасошӯравӣ – Литва ва Молдова - то ҳоло дар ин Бозиҳо медал нагирифтаанд.

Варзишгарони Тоҷикистон низ, ки сабқати худро дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ рӯзи 31-уми июл ба анҷом расониданд, натавонистанд медал ба даст биёранд.

Зимнан, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон натавонист медал бигирад. Ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио ноком шуданд. Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров ва Баҳодур Усмонов (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо), Олимҷон Ишонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) дар Токио бе медал монданд.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

Бояд тазаккур дод, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ соли 2008 дар Пекин барои аввалин бор соҳиби ду медал - як нишони нуқра ва як биринҷӣ гардид. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов аз рӯи гуштии озод дар вазни то 84 кило соҳиб шуд. Медали биринҷиро Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кг ба даст овард.

Соли 2012 дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар муаррифӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Дилшод Назаров медал гирифт. Ӯ дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон, ки бори ҳафтум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок кард, ин дафъа бе медал монд. Нокомии варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси нигаронӣ ва интиқоди шадиди мутахассисону коршиносони соҳа ва ҳаводорони варзиш гардидааст.

Онҳо бар ин назаранд, ки масъулони соҳа (Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ), раҳбарони федератсияҳои дахлдори варзишӣ ва мураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахши варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 бояд аз вазифаашон истеъфо диҳанд. Аммо дар Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтан ҳанӯз роиҷ нашудааст.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 бояд дар ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ ва баҳогузорӣ шавад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG