Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тайланд барои ҷойи панҷум бо Мозамбик рақобат мекунад


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкоки Тайланд дар гурӯҳи “В” мақоми севумро касб намуд, аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рақибони мунтахаби кишвар дар гурӯҳи "В" тимҳои миллии Эрон, Миср ва Литва буданд. Ҳар се даста иштироккунандагони Ҷоми ҷаҳонии футзал дар соли 2021 мебошанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими миллии Миср бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Баъдан бозиро ба мунтахаби Эрон бо ҳисоби бузурги 0:7 бохт ва дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ мунтахаби Литваро бо ҳисоби 9:2 шикаст дод. Дар натиҷа мунтахаби Тоҷикистон бо се имтиёз дар гурӯҳи худ севум шуд ва акнун барои ҷойи панҷум бо мунтахаби Мозамбик, ки дар гурӯҳи «А» ҷойи севумро гирифт, 30-юми июл рақобат мекунад.

Дар гурӯҳи «В» мунтахаби Эрон бо ҳафт имтиёз ғолиб шуд. Дастаи Миср бо чор имтиёз ҷойи дувумро азони худ кард. Ҳарду даста ба нимфинал роҳ ёфтанд.

Дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тайланд, Узбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат карданд. Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Тайланд ва Узбекистон ба нимфинал баромаданд.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки рӯзи панҷшанбе, 29-уми июл баргузор мешавад, Эрон бо Узбекистон ва Тайланд бо Миср вориди рақобат мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба Тайланд бо 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ рафтааст.

Барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқа дар Бангкок яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мебошад, ки моҳи апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021»

Гурӯҳи "А": Тайланд, Узбекистон, Косово, Мозамбик.

Гурӯҳи "B": Эрон, Миср, Тоҷикистон, Литва.

Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкоки Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарипов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев, Иқбол Воситзода (ҳарчор аз «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳарду аз «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Миср – Тоҷикистон– 1:0

Эрон – Литва – 5:0

Даври 2-юм

Литва – Миср – 4:2

Тоҷикистон – Эрон – 0:7

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Литва – 9:2

Голҳои Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров (6), Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов.

Эрон – Миср – 2:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

2

1

0

14-2

7

2

Миср

3

1

1

1

5-6

4

3

Тоҷикистон

3

1

0

2

9-10

3

4

Литва

3

1

0

2

6-16

3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайланд

3

2

1

0

16-13

7

2

Узбекистон

3

2

0

1

19-7

6

3

Мозамбик

3

1

0

2

6-17

3

4

Косово

3

0

1

2

10-14

1

Ҷадвали бозиҳои боқимонда:

29 июл (панҷшанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

8:30 – Косово – Литва

Нимфинал

11:30 – Эрон– Узбекистон

14:30 – Тайланд – Миср

30 июл (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

8:30 – Мозамбик – Тоҷикистон

11:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

14:30 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG