Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио-2020: Рақибони варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бокс маълум шуданд


Рақибони варзишгарони тоҷик дар даври муқаддамотии мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бар асоси қуръакашӣ, ки 22-юми июл доир гардид, муайян шуданд.

Рӯзи 25-уми июл ду муштзани тоҷик дар даври 1/16-ниҳоӣ рақобат хоҳанд кард. Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 килограмм бо Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан ва Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 килограмм бо Даксианг Чен аз Чин вориди сабқат мешаванд.

Сиёвуш Зуҳуров бошад, 29-уми июл дар вазни беш аз 91 килограмм қувваозмоиро аз даври 1/8-ниҳоӣ шуруъ мекунад. Рақибаш Мурод Алиев аз Фаронса мебошад.

Дар мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки аз 24-уми июл то 8-уми август аз рӯи 13 дараҷаи вазнӣ (8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) баргузор мешавад, 289 варзишгар (187 мард ва 102 зан) аз 80 кишвар, инчунин дастаи паноҳандагон ширкат меварзанд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки имрӯз, 23-юми июл, дар шаҳри Токиои Ҷопон оғоз мешаванд, то рӯзи 8-уми август идома хоҳанд кард.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Олимпиадаи Токио-2020 дар Варзишгоҳи миллии Токио имрӯз соати 19:55 бо вақти маҳаллӣ (соати 16:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Паҳлавони маъруф Темур Раҳимов дар ин маросим парчамбардори ҳайати Тоҷикистон аст. Олимпиадаи Токио барои ӯ аввалин ба шумор меравад.

Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ дар Токио намояндагони 206 кишвари ҷаҳон ва ҳамчунин тими паноҳандагон иштирок намуда, барои 339 маҷмуи медалҳо дар 33 риштаи варзиш тӯли 16 рӯз рақобат хоҳанд кард.

Дар Олимпиадаи Токио-2020 Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад. Се нафари онҳо - Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, -90 кг), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) – бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия иштирок карда буданд.

Ҳафт нафари дигар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) - ҳарсе дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) - ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук (давидан ба масофаи 100 метр) – бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, мутаносибан 300 000 сомонӣ, 250 000 сомонӣ ва 200 000 сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, дар пойтахт хона туҳфа мекунад. Аз ҷумла, барои медали тилло хонаи чорҳуҷрагӣ, барои медали нуқра хонаи сеҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

XS
SM
MD
LG