Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио-2020: Рақибони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо маълум шуданд


Рақибони варзишгарони тоҷик дар даври муқаддамотии мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бар асоси қуръакашӣ, ки имрӯз, 22-юми июл, доир гардид, муайян шуданд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило дар даври аввал бо Аҳмад Аликай аз тими паноҳандагон рақобат хоҳад кард. Дар радабандии ҷаҳонӣ Сомон дар зинаи 16-ум ва Аҳмад дар зинаи 251-ум қарор доранд. Дар ин вазн ҳамагӣ 36 нафар номнавис шудаанд.

Рақиби Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал Ҷоштер Эндрю аз Гуам мебошад. Дар радабандии ҷаҳонӣ Акмал дар зинаи 53-юм ва Ҷоштер дар зинаи 145-ум қарор доранд. Теъдоди варзишгарон дар ин вазн 35 нафарро ташкил медиҳад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Аксел Клергет аз Фаронса аст, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Комроншоҳ панҷ зина болост (ҷойи 17-ум). Дар ин вазн 33 гуштигир барои ҷоизаҳо талош мекунанд.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Энди Гранда аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард. Энди дар феҳристи ҷаҳонӣ нисбат ба Темур се зина поён аст (20-ум). Дар ин вазн 22 нафар сабти ном шудаанд.

Умуман, дар мусобиқаи ҷудо, ки аз 24-ум то 31-уми июл баргузор мешавад, 393 варзишгар (201 мард, 192 зан) аз 128 кишвар ширкат меварзанд.

Аз байни паҳлавонони тоҷик нахустин шуда Сомон Маҳмадбеков рӯзи 26-уми июл ба сабқат шуруъ хоҳад кард. Баъдан Акмал Муродов 27-уми июл ба рақобат мепардозад. Комроншоҳи Устопириён 28-уми июл ва Темур Раҳимов 30-юми июл вориди рақобат мешаванд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG