Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Тайланд сафар кард


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» 21-уми июл ба Тайланд сафар кард. Ин мусобиқа аз 25-ум то 30-юми июл дар Бангкок баргузор мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд. Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои миллии Эрон, Миср ва Литва хоҳанд буд. Ҳар се даста иштироккунандагони Ҷоми ҷаҳонии футзал дар соли 2021 мебошанд.

Дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тайланд, Узбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат мекунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба Тайланд бо 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ рафтааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок 25-уми июл бо мунтахаби Миср, 26-уми июл бо тими Эрон ва 27-уми июл бо мунтахаби Литва рақобат хоҳад кард.

Тибқи муқаррароти мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбад. Дастаҳое, ки ба нимфинал роҳ пайдо намекунанд, дар бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-8-ум мубориза мебаранд.

Барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқа дар Бангкок яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мебошад, ки моҳи апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021»

Гурӯҳи "А": Тайланд, Узбекистон, Косово, Мозамбик.

Гурӯҳи "B": Эрон, Миср, Тоҷикистон, Литва.

Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкоки Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Некрӯз Алимаҳмадов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарипов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов (ҳама аз «Соро компания»), Дилшод Саломов, Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев, Иқбол Воситзода (ҳарчор аз «Сипар»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳарду аз «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG