Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қирғизистон ба осебдидагон аз сел ваъдаи ёрӣ доданд


Паёмадҳои боронгарӣ дар Қирғизистон.
Паёмадҳои боронгарӣ дар Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) ба девони вазирони кишвараш дастур дод, ки барои огоҳӣ додан аз хатари офатҳои табиӣ тамоми талошро анҷом диҳад.

Ҷабборов гуфтааст, дар робита ба афзоиши хатари офатҳои табиӣ ҳамаи кормандони мақомоти марбута ба ҳолати омодагии олӣ гузаронида шаванд. Вай ҳамчунин ба хонаводаи қурбониёни сел ва обхезӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар 10 рӯзи охир дар ҷануби Қирғизистон селу обхезӣ харобиҳои зиёде овард.

XS
SM
MD
LG