Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федератсияи байналмилалии самборо Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS)-ро ба таври доимӣ пазируфт. Ин тасмим дар иҷлосияи IOC, ки 20-уми июл дар Токиои Ҷопон дар арафаи оғози Бозиҳои олимпӣ баргузор шуд, гирифта шуд. Дар ин бора сомонаи расмии FIAS хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, президенти FIAS Василий Шестаков ин рӯйдодро чунин шарҳ додааст:

- Имрӯз ба оилаи бузурги самбои мо иди ҳақиқӣ омад. Се сол пеш FIAS аз IOC эътирофи муваққатӣ гирифт ва дар ин муддат мо бояд ба тамоми ҷаҳон ва худамон исбот кунем, ки сазовори аз ин ҳам бештарем. Ин давра бо вазъи душвори ҷаҳон - пандемияи COVID-19 рост омад, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ташкил ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ таъсир расонд.

Роҳбари FIAS афзуд, “аммо мо дар шароити бӯҳрон кор кардан, ба маҳдудиятҳои сершумор мутобиқ шудан, гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалиро дар шароити фавқулода омӯхтем. Дар аввал рисолати номуайян ба назар мерасид, аммо бо вуҷуди ин, бо кӯшишҳои муштарак мо аз ӯҳдаи он баромадем. Ин асосан ба туфайли кори ҳамоҳангшудаи федератсияҳои миллӣ ва қитъавии самбо ва, албатта, дастгирии шарики кулли мо – ширкати “Роснефт” - имконпазир гардид.”

Ҷаноби Шестаков иброз дошт, ки шумораи бештари кишварҳо дарҳоро ба самбо боз мекунанд, мусобиқаҳои самборо ширкатҳои телевизионии 68 давлати ҷаҳон пахш мекунанд ва номҳои намояндагони барҷастаи самбо дар тамоми ҷаҳон маълуманд.

- Мо аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои қадр кардани меҳнатамон ва барои таваҷҷуҳаш ба варзиши мо миннатдорем. Имрӯз мо боз як қадами бузург ба сӯи орзуи деринамон - шомил кардани самбо ба барномаи Бозиҳои олимпӣ гузоштем. Ман самбочиёни тамоми дунёро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик мегӯям”, - гуфт Василий Шестаков.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар як ҷаласа дар Токио ба ғайр аз Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), ба тарафдории эътирофи боз панҷ федератсияи байналмилалии варзишӣ овоз дод: Иттиҳоди байналмилалии черлидинг (ICU), Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои муай-тай (IFMA), Федератсияи байналмилалии айсштокспорт (IFI), Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии ташкилотҳои кикбоксинг (WAKO), Федератсияи умумиҷаҳонии лакросс (WL).

Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ҳамзамон муовини аввали раиси Иттиҳодияи самбои Осиё, имрӯз, 21-уми июл, ба Радиои Озодӣ гуфт, “хабари аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф гардидани Федератсияи байналмилалии самбо маро хеле хушҳол кард. Бовар дорам, ки самбо дар оянда ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шуда, дар Олимпиада мавқеи сазоворро касб мекунад. Эътирофи самбо имкон медиҳад, ки ҳамасола аз ҷониби КБО маблағгузорӣ карда шавад.“

Бояд гуфт, ки самбо барои аз ҷониби КБО эътироф шудан роҳи тӯлониро тай намудааст. Дар нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар Теҳрон соли 1973 ҳамагӣ варзишгарони 11 кишвар ширкат доштанд. Феълан дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон намояндагони беш аз 90 кишвар аз панҷ қитъаи олам иштирок мекунанд.

Ҳоло самбо дар навъҳои мухталиф – варзишии занона, варзишии мардона, размӣ, соҳилӣ, намоишӣ – рушд меёбад ва дар ҳақиқат намуди варзиши мардумӣ гардида, амалан ба ҳар як одам дастрас аст.

Ситораҳои самбо, монади Фёдор Емеляненко ва Ҳабиб Нурмагомедов варзишгарони маҳбуби миллионҳо нафар одамон дар тамоми ҷаҳон гардидаанд.

Самбо, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон маъруфият пайдо карда буд, таърихи бою рангин дорад. Ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ хеле рушд кардааст.

Варзишгарони тоҷик дар ин намуд ба комёбиҳои бузург даст ёфтаанд. Чунончи, Саидмуъмин Раҳимов (вазни то 100 кг, соли 1975, Мински Беларус), Беҳрӯзи Хоҷазода (вазни то 74 кг, соли 2017, Сочии Русия) ва Хушқадам Хусравов (вазни то 62 кг, соли 2018, Бухарести Руминия) дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Инчунин паҳлавонони тоҷик Сайриддин Икромов (вазни то 74 кг, соли 2005, Прагаи Ҷумҳурии Чех) ва Эраҷ Раҳимов (вазни то 52 кг, соли 2009, Салоникии Юнон)дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои размӣ бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.

XS
SM
MD
LG