Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳарзодаи Убайдуллоев аз мақомаш дар ВКД барканор шуд


Шамсулло Маҳмудов, сардори ШВКД-и ноҳияи Панҷ буд.
Шамсулло Маҳмудов, сардори ШВКД-и ноҳияи Панҷ буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковник Шамсулло Маҳмудов, сардори ШВКД-и ноҳияи Панҷ ва хоҳарзодаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ мансабдори баландпояи тоҷикро аз мақомаш барканор кард.

Шамсулло Маҳмудови 56-сола, ки дар мансабҳои гуногун дар ВКД кор кардааст, ҳоло ба гуфтаи мақомот дар "захираи кадрҳо" мебошад. Дар ШВКД-и Панҷ гуфтанд, ки ба ҷойи ӯ нафаре бо номи Баҳром Шокиров сардор таъин шудааст.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барканории ӯ дар доираи як тағйироти маъмулии кадрӣ сурат гирифтааст ва ангезаи дигаре надорад. Ба гуфтаи масъулони ВКД, дар баробари Маҳмудов 15 нафар аз масъулони ШВКД-и шаҳру навоҳии кишвар иваз шудаанд.

Таваҷҷӯҳ ба барканории Маҳмудов аз ин нуқтаи назар бештар шуд, ки ӯ хоҳарзодаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, як чеҳраи даргузашта таъсиргузор дар сиёсати Тоҷикистон аст ва то замоне, ки тағояш нуфуз дошт, ӯ дар ВКД мансабҳои баланд дошт.

Убайдуллоев то панҷ соли пеш раиси собиқи Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе буд ва аз нигоҳи қонун нафари дуюм дар кишвар ба шумор мерафт. Одатан дар Тоҷикистон то даме, ки чеҳраҳои шинохта дар сиёсат таъсиргузоранд, наздиконашон дар мансабҳои калидӣ боқӣ мемонанд ва барканор намешаванд. Барканорӣ ва боздошти хешовандони афроди таъсиргузор пас аз коҳиши нуфузи, ба истилоҳ “тағо”-ҳояшон дар сатҳи болои ҳукумат, дар Тоҷикистон зиёд дида мешавад.

Сабаби аслии барканор шудани Маҳмудов ҳануз ба таври расмӣ шарҳ дода нашудааст, вале барканории ӯро бисёриҳо ба коҳиши нуфузи Убайдуллоев дар сиёсати Тоҷикистон пайванд медиҳанд.

Бархе аз манобеъи наздик ба Раёсати корҳои дохилӣ ва Додситонии вилояти Хатлон ин андешаро рад мекунанд ва мегӯянд, як сабаби барканории Маҳмудов ба ҳодисаи марги Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола, ки рӯзи 7-уми феврали соли равон ҳангоми супурдани силоҳ дар бинои Шуъбаи корҳои дохилӣ бо зарби ду гулулаи Калашников ҷон дод, рабт дорад.

Додгоҳи ноҳияи Панҷ корманди дигари ҳамин Шуъба, Насим Амирзодаро дар қатли Меҳроншоҳ Ҷумъаев гунаҳкор шинохта, ӯро ба 3 сол ҳабси сукунатӣ ва пардохти 100 ҳазор сомонӣ ба пайвандони афсари кушташуда маҳкум кард.

Дар номаи ҷавобии прокуратураи вилояти Хатлон ба пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев рӯзи 16 июн зикр шудааст, ки “гурӯҳи тафтишотӣ ҳолатҳоеро, ки ба содир намудани ҷиноят мусоидат кардаанд, санҷида масъалаи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани шахсони масъули ШВКД-и ноҳияи Панҷро ба Раёсати умури дохилаи Хатлон пешниҳод кардааст."

Ин манбаъ мегӯяд, муроҷиати расмии Додситонии вилоят ба Раёсати умури дохилӣ дар бораи кори Шамсулло Маҳмудов ба масъалаи озод шуданаш аз вазифа таъсир расондааст.

Шамсулло Маҳмудов аз афсарони пешинадори ВКД ном бурда мешавад. Ӯ солҳои 80-уми асри гузашта се сол дар ҳайати Артиши шӯравӣ дар Қандаҳори Афғонистон хидмат кардааст. Аз солҳои 90-уми асри гузашта ба сафи пулис пайваста, аз коргари одӣ то сардори чанд ШВКД дар шаҳру ноҳияи кишвар расидааст.

XS
SM
MD
LG