Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон танаффуси тобистона фаро расид


Бозии мавқуфмондаи даври 4-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар, ки рӯзи чоршанбеи 14-уми июл дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Голҳои “Истиқлол”-ро Зоир Ҷӯрабоев ва Рустам Соиров (аз пеналти) ба самар расониданд.

Ин пирӯзӣ ба «Истиқлол» имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа бо 21 имтиёз аз 10 бозӣ ба зинаи дувум барояд. «Хуҷанд» бо 25 имтиёз аз 12 бозӣ мақоми аввалро касб кардааст. «Эсхата» бо 20 имтиёз аз 13 бозӣ ба зинаи севум фаромад.

Дар мусобиқаи лигаи олӣ танаффуси тобистона фаро расид. Бозиҳои даври 14-уми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 7-8-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 4-ум

«Истиқлол» – «Хатлон» – 2:0

Голҳо: Зоир Ҷӯрабоев, 22 (1:0). Рустам Соиров, 79 – аз пеналти (2:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Соиров («Истиқлол»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

14-уми июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

12

8

1

3

26-13

25

2

«Истиқлол» (Душанбе)

10

6

3

1

22-6

21

3

«Эсхата» (Хуҷанд)

13

6

2

5

22-25

20

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

13

5

4

4

14-12

19

5

«Хатлон» (Бохтар)

13

4

5

4

14-14

17

6

«Равшан» (Кӯлоб)

12

4

4

4

15-15

16

7

«Файзканд» (Восеъ)

12

3

4

5

10-13

13

8

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

13

3

4

6

17-25

13

9

«Душанбе» (Душанбе)

13

3

4

6

17-28

13

10

ССКА (Душанбе)

13

2

5

6

14-20

11

Нишонзанҳо: Акобир Тураев («Эсхата») – 8 тӯб, Рустам Соиров («Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 7-тӯбӣ, Абдухалил Боронов («Файзканд»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 6-тӯбӣ.

Даври 14-ум

7-уми август (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Истаравшан» – «Эсхата»

ССКА – «Хатлон»

8-уми август (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

«Истиқлол» – «Файзканд»

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

«Равшан» – «Душанбе»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG