Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизадорони Олимпиада дар Токио ба худашон медал меовезанд


Ҷоизадорони Олимпиада дар Токио ба худашон медал меовезанд. Ин навоварӣ бо сабаби пандемияи коронавирус ба амал омадааст, хабар медиҳад Associated Press.

Қаблан ҷоизаҳоро аъзои Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ё мансабдорони аршади варзиш тақдим мекарданд. Ҳамакнун медалҳо ба варзишгарон дар лаълӣ пешкаш мешавад, ки пас аз он худи онҳо ҷоизаро гирифта, ба гарданашон меовезанд.

- Он тавре анҷом дода мешавад, шахсе, ки медалро ба лаълӣ мегузорад, ин корро танҳо бо дастпӯшакҳои дезинфексияшуда ба ҷо меорад. То ин ки варзишгар мутмаин бошад, пештар касе ба ҷоизаҳо даст назадааст, - гуфт роҳбари КБО Томас Бах.

Вай афзуд, дар маросими тақдими ҷоизаҳо дастфишурӣ ва ба оғуш кашидан низ манъ аст.

Ин равиш аз қаҳрамонии Аврупо оид ба футбол, ки президенти UEFA Александр Чеферин шахсан медалҳоро ба гардани бозигарон овехтааст, ба куллӣ фарқ мекунад. Чеферин инчунин бо дарвозабони Итолиё Ҷанлуиҷи Доннарумме, ки дар финал бар Англия аз рӯи пеналтӣ пирӯзӣ овард, дастфишурӣ кард.

Олимпиада дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми август баргузор мешавад.

Ҳафтаи гузашта эълом шуд, ки аз 12-уми июл то 22-юми август дар Токио ба иллати пандемияи коронавирус ҳолати фавқулода ҷорӣ мешавад. 8-уми июл ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ тасмим гирифтанд, ки қабули тамошобинони маҳаллиро ба варзишгоҳҳои минтақаи шаҳрӣ, ки префектураҳои Токио, Канагава, Чиба ва Сайтама (яъне аксарияти кулли мусобиқаҳоро дар бар мегирад) рад кунанд. Якчанд моҳ пеш, Бозиҳоро барои мухлисони бурунмарзӣ баста буданд.

XS
SM
MD
LG