Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон мулоқоти пайвандонро бо кӯдакони баргашта аз Ироқ манъ кардаанд. ВИДЕО


Бозгардони занону кӯдакони тоҷик аз Сурияву Ироқ мутаваққиф шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Дар Тоҷикистон мулоқоти пайвандонро бо кӯдаконе, ки ду сол пеш аз Ироқ оварда буданд, “муваққатан” манъ кардаанд. Мақомот ин тасмимро ба пандемия ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир рабт доданд.

Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон рӯзи 15-уми июл гуфт, ҳанӯз тақдири оянда ва кай ба наздиконашон додани онҳо рӯшан нест. Онҳо кӯдаконе ҳастанд, ки падаронашон дар сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ҷангида, кушта шудаанд ва модаронашон дар зиндонҳои Ироқ ҳастанд.

Миҷгона Бобоҷонзода, омбудсмени кӯдак, дар нишасти матбуотӣ гуфт, “дар мавриди супурдани кӯдакон ба наздиконашон вазорату идораҳо кор карда истодаанд. Ҳангоми ба як хулосаи дақиқ омадан, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак омода аст, ба Шумо маълумоти иловагӣ пешниҳод кунад.”

Мақомоти Тоҷикистон моҳи апрели соли 2019-ум 84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба кишвар оварданд. Дар аввал гуфта мешуд, кӯдакону наврасон баъд аз як муддат ба хешовандонашон дода мешаванд, вале бо вуҷуди дархосту шикоятҳои онҳо ҳанӯз кӯдакон дар ихтиёри мақомот ва дар парваришгоҳҳо ҳастанд.

XS
SM
MD
LG