Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Осиёи Миёна дар Олимпиадаи Токио-2020 чанд варзишгар иштирок мекунад?


Ҳайати Қирғизистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020.
Ҳайати Қирғизистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020.

Дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми августи соли равон дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио - баргузор мешавад, инчунин варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон - ширкат меварзанд.

ОЛИМПИАДАИ ТОКИО-2020

Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ бояд аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 дар Ҷопон баргузор мешуд. 24 марти соли 2020 Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба иллати пандемияи COVID-19 мавқуф гузоштани Олимпиадаро ба соли 2021 эълон кард.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ санаҳои нави баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпиро дар Токио тасдиқ намуд - мусобиқот аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 баргузор мешавад.

Пас аз шасту ҳафт соли Олимпиадаи 1964, пойтахти Ҷопон бори дигар мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии 2020 хоҳад шуд. Ба барномаи Олимпиадаи Токио панҷ намуди нави варзиш илова гардид: бейсбол / софтбол, каратэ, серфинг, кӯҳнавардӣ ва скейтборд.

Тибқи ислоҳоти қабулшудаи рӯзномаи олимпӣ-2020, дар давоми бозиҳо дар Токио иншооти мавҷудаи варзишӣ, яъне иншооте, ки барои Олимпиадаи соли 1964 сохта шудааст, истифода мешавад.

Ҳамчунин варзишгоҳе, ки дар он маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии Бозиҳо ба нақша гирифта шудааст, иншооти комилан нав мебошад, ки махсус барои Бозиҳои 2020 сохта шудааст.

Замоне Ҷопон аввалин кишвари Осиё шуд, ки Бозиҳои Олимпиро баргузор кард. Олимпиадаи 2020 пас аз Олимпиадаҳои зимистонаи солҳои 1972 ва 1998 дар Саппоро ва Нагано чорумин хоҳад буд.

Овоздиҳӣ барои шаҳр 7-уми сентябри соли 2013 дар сессияи 125-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Буэнос-Айреси Аргентина баргузор шуд. Токио аз рақибонаш - шаҳрҳои Истамбул ва Мадрид пеш гузашт.

ИШТИРОКИ 95 ВАРЗИШГАР АЗ ҚАЗОҚИСТОН

Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон натиҷаҳоро пас аз хатми мусобиқаҳои интихобӣ ва рейтингии пеш аз Олимпиадаи Ҷопон ҷамъбаст кард. Ба ҳайати дастаи олимпии ин кишвар 95 варзишгар шомил аст.

Бори аввал Қазоқистон дар намудҳои нави барномаи олимпӣ - кӯҳнавардӣ ва каратэ ширкат меварзад. Кӯҳнавард Ришат Хайбуллин ва якбора панҷ нафар каратэкорон: Дархан Асадилов, Нурканат Ажиканов, Дониёр Юлдошев ва духтарон Молдир Жанбирбой ва Софя Берултсева аввалин шуда аз Қазоқистон ба Бозиҳо мераванд.

Бидуни шак яке аз пешқадамони дастаи олимпӣ варзишгари маъруфи қазоқ Олга Рипакова мебошад, ки ин Бозиҳои олимпӣ дар фаъолияти варзишии ӯ чаҳорумин хоҳад буд.

Тими мардонаи ватерполо ё тӯббозӣ дар об, ки ягона дастаи Қазоқистон дар намудҳои дастаӣ мебошад, дар Бозиҳо пас аз танаффуси ҳаштсола иштирок мекунад. Мувофиқи анъана, муштзанҳо фаъоланд, Қазоқистонро нӯҳ варзишгар таҳти сарварии Қамшибек Қункабоев намояндагӣ хоҳанд кард. Тими мардона дар ҳамаи ҳашт вазн литсензия ба даст овард.

Гимнаст Милод Каримӣ давраи тахассусиро бо баҳои аъло сипарӣ кард - ӯ танҳо ҳафт литсензия ба даст овард. Дар шиноварӣ се литсензия гирифта шуд, ки дутоаш аз қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дмитрий Баландин аст.

Дар шамшербозӣ низ роҳхат ба даст оварда шуд. Руслан Қурбонов дар қатори шаш варзишгари дигар тибқи рейтинги инфиродии Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ квотаи қитъавӣ гирифт.

Пас аз Бозиҳои Олимпӣ дар Афина (2004) бори аввал се велосипедрони Қазоқистон дар сабқати гурӯҳӣ рақобат мекунад. Пешсафи даста Алексей Лутсенко тавонист ба Қазоқистон назар ба дигар рақибонаш аз кишварҳои Осиё ба миқдори зиёдтар имтиёз оварад.

Се роҳхатро велосипедронҳои қазоқ дар трек (спринт, омниум ва кейрин) ба даст оварданд, дар ҳоле ки литсензия барои иштирок дар намудҳои спринт барои Қазоқистон таърихӣ аст - қаблан Қазоқистон ҳеҷ гоҳ дар ин ришта дар Бозиҳои олимпӣ намоянда надошт.

Пас аз 20 сол, се нафар аз Қазоқистон боз дар Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаҳои камонварии дастаӣ ширкат меварзанд.

Ёздаҳ роҳхатро варзишгарони Қазоқистон оид ба намудҳои гуштӣ ба даст оварданд. Ҳамин миқдорро варзишгарони қазоқ оид ба варзиши сабук гирифтанд. Инчунин ҳафт литсензия ба теннисбозон мансуб аст, шаш роҳхат оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ ба даст оварда шуд.

Варзишгарони қазоқ дар риштаи ҷудо, аз ҷумла Элдос Сметови ботаҷриба, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаҳои рейтингӣ шаш роҳхат ба даст оварданд. Дастаи Қазоқистон дар тенниси рӯи миз ду литсензия дорад, ҳамин миқдор дар таэквондо ва қаиқронӣ оид ба слалом гирифта шуд.

Мунтахаби Қазоқистон дар муддати 25 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 64 медал (15 тилло, 21 нуқра ва 28 биринҷӣ) гирифтааст.

УЗБЕКИСТОН 71 РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ДОРАД

Ҳайати ниҳоии мунтахаби Узбекистон, ки дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ иштирок хоҳад кард, маълум шуд.

Варзишгарони узбек аз соли 2017 барои гирифтани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 мубориза бурда, дар мусобиқаҳои гуногун ширкат варзиданд. Дар натиҷа, Узбекистон соҳиби 71 роҳхат дар 17 намуди варзиш гардид:

Бокс (11):
-52 кг: Шаҳобиддин Зоиров
-57 кг: Миразизбек Мирзохалилов
-63 кг: Элнур Абдураимов
-69 кг: Бобоусмон Ботуров
-75 кг: Фанат Қаҳрамонов
-81 кг: Дилшод Рузметов
-91 кг: Санжар Турсунов
+91 кг: Баҳодур Ҷалолов
-51 кг: Турсуной Раҳимова
-60 кг: Райҳона Қодирова
-69 кг: Шаҳноза Юнусова

Гуштии озод (4):
-57 кг: Ғуломҷон Абдуллоев
-74 кг: Бекзод Абдураҳмонов
-86 кг: Жавраил Шапиев
-97 кг: Магомед Иброҳимов

Гуштии юнонию румӣ (4):
-60 кг: Элмурод Тасмуродов
-77 кг: Жалгасбой Бердимуродов
-87 кг: Рустам Ассақалов
-130 кг: Муъминҷон Абдуллоев

Таэквондо (4):
-68 кг: Улуғбек Рашидов
-80 кг: Никита Рафалович
-67 кг: Нигора Турсунқулова
+67 кг: Светлана Осипова

Вазнабардорӣ (4):
-67 кг: Адҳамҷон Эргашев
-109 кг: Акбар Ҷӯраев
-55 кг: Муаттар Набиева
-76 кг: Қумушхон Файзуллоева

Шамшербозӣ (3):
Малика Хакимова
Зайнаб Дайибекова
Шерзод Мамутов

Варзиши сабук (7):
Ҷаҳидан ба баландӣ, занон: Светлана Радзивил
Ҷаҳидан ба баландӣ, занон: Сафина Саъдуллоева
Гурзандозӣ, мардон: Суҳроб Хоҷаев
Ҷаҳидан ба дарозӣ, занон: Дарья Резниченко
Ҷаҳиши секарата, занон: Роксана Худоёрова
Ҷаҳиши секарата, мардон: Руслан Қурбонов
Бисёрҳарба, занон: Екатерина Воронина

Ҷудо (11):
-60 кг: Шарофиддин Лутфуллоев
-66 кг: Сардор Нуруллаев
-73 кг: Ҳикматиллоҳ Тураев
-81 кг: Шарофиддин Болтабоев
-90 кг: Давлат Бобонов
-100 кг: Муҳаммадкарим Хуррамов
+100 кг: Бекмурод Олтибоев
-52 кг: Диёра Келдиёрова
-63 кг: Фарангиз Ҳоҷиева
-70 кг: Гулноза Матниёзова
Дастаи мунтахаби омехта

Шиноварӣ (2):
100 м, тарзи озод: Хуршедҷон Турсунов
100 м, брасс: Юлдуз Қучқорова

Қайиқронӣ дар каноэ (4):
С-2 500 метр: Дилноза Раҳматова
С-2 500 метр: Нилуфар Зокирова
С-1 200 метр: Дилноза Раҳматова
С-1 200 метр: Нилуфар Зокирова

Қайиқронии академӣ (2):
LMX2X, 2000 метр: Собир Сафаралиев
LMX2X, 2000 метр: Шаҳбоз Холмирзоев

Гимнастикаи варзишӣ (2):
Барномаи инфиродӣ: Расулҷон Абдураҳимов
Барномаи инфиродӣ: Оксана Чусовитина

Гимнастикаи бадеӣ (6)
Бисёрҳарба: Сабина Тошканбоева
Машқҳои гурӯҳӣ: Нулифар Шомуродова
Машқҳои гурӯҳӣ: Ксения Александрова
Машқҳои гурӯҳӣ: Динара Равшанбекова
Машқҳои гурӯҳӣ: Севара Сафоева
Машқҳои гурӯҳӣ: Камола Ирназарова

Тирпарронӣ (2):
10 м, милтиқ: Мухтасар Тоҳирова
50 м, милтиқ: Мухтасар Тоҳирова

Велосипедронӣ (2):
Пойгаи гурӯҳӣ, мардон: Муродҷон Холмуродов
Пойгаи гурӯҳӣ, занон: Олга Забелинская

Панҷҳарбаи муосир (2):
Инфиродӣ, мардон: Александр Савкин
Инфиродӣ, занон: Алисэ Фахрутдинова

Теннис (1):
Инфиродӣ, мардон: Денис Истомин

Мунтахаби Узбекистон дар муддати 25 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 31 медал (7 тилло, 6 нуқра ва 18 биринҷӣ) гирифтааст.

БА ҲАЙАТИ МУНТАХАБИ ҚИРҒИЗИСТОН 17 ВАРЗИШГАР ШОМИЛ АСТ

Варзишгарони Қирғизистон 17 литсензияи олимпӣ доранд. Сартим дар Олимпиадаи Токио паҳлавон Атабек Азизбеков хоҳад буд, ки ба ӯ парчами Қирғизистонро Сарвазир Улуғбек Марипов супурд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Қирғизистон дар Олимпиадаи Токио:

Гуштии юнонию румӣ:

Жоламан Шаршенбеков - 60 кг;

Акжол Маҳмудов - 77 кг;

Атабек Азизбеков - 87 кг;

Узур Ҷусупбеков - 97 кг;

Гуштии озод:

Эрназар Акматалиев - 65 кг;

Айаал Лазарев - 125 кг;

Гуштии занона:

Айсулуу Тинибекова - 62 кг;

Мээрим Ҷумъаназарова - 68 кг;

Ойпарӣ Медет қизи - 76 кг;

Варзиши сабук:

Даря Маслова - марафон;

Юлия Андреева - марафон (зери суол аст);

Нурсултон Кенешбеков - 5000 м;

Вазнабардорӣ:

Бакдоолот Расулбеков - 96 кг;

Ҷудо:

Владимир Золоев - 81 кг;

Шамшербозӣ:

Роман Петров - шпага;

Шиноварӣ:

Денис Петрашов - 100; 200 м брасс;

Тирпарронӣ:

Каникей Кубаничбекова - ВП-6.

Мунтахаби Қирғизистон дар муддати 24 соли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ (аз соли 1996 то ҳоло) ҳамагӣ 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) гирифтааст.

ТОҶИКИСТОНРО 10 ВАРЗИШГАР НАМОЯНДАГӢ МЕКУНАД

Дар Олимпиадаи Токио Тоҷикистонро даҳ варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ - намояндагӣ мекунанд.

Вале Гулсумбӣ Шарифова, ки ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон роҳхат гирифтааст, ба иллати лат хӯрдани пояш ба Токио намеравад.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо интихоб шуд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 23 нафар, аз он ҷумла 10 варзишгар, субҳи 20-уми июл тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Истамбул – Токио барои ширкат дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ ба пойтахти Ҷопон сафар хоҳад кард.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Умуман, мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ соли 2008 дар Пекин барои аввалин бор соҳиби ду медал - як нишони нуқра ва як биринҷӣ гардид. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов аз рӯи гуштии озод дар вазни то 84 кило соҳиб шуд. Медали биринҷиро Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кг ба даст овард, ки ин аввалин медали мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 2012 дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон Мавзуна Чориева дар риштаи бокси занона дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар муаррифӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Дилшод Назаров медал гирифт. Ӯ дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор буд, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ шуд.

Ба ин тартиб, ҳафтумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

ҲАЙАТИ НИҲОИИ МУНТАХАБИ ТУРКМАНИСТОН МУАЙЯН ШУД

Кумитаи миллии олимпии Туркманистон ҳайати ниҳоии тими олимпии кишварро, ки дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ дар Токио ширкат хоҳад кард, муайян кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаб инҳо дохил шуданд:

Гулбадан Бобомуродова — ҷудо (то 52 килограм)

Хоҷамуҳаммад Туйчиев — вазнабардорӣ (+109 кг)

Овез Овезов — вазнабардорӣ (то 109 кг)

Раҷаббой Раҷабов — вазнабардорӣ (то 81 кг)

Полина Гурева — вазнабардорӣ (то 59 кг)

Кристина Шерметова — вазнабардорӣ (то 55 кг)

Мерген Маммедов — варзиши сабук (гурзандозӣ)

Даря Семёнова — шиноварӣ (100 метр, брасс)

Мардон Атаев — шиноварӣ (100 ва 200 метр, пуштнокӣ)

Варзишгарони туркман дар муддати 25 соли иштироки худ дар Бозиҳои олимпӣ (аз соли 1996 то инҷониб) медал ба даст наовардаанд.

XS
SM
MD
LG