Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон ду иштирокчии тазоҳуроти 6 июлро ҳабс кард


Kazakhstan – A protest organised by unregistered Democratic party of Kazakhstan. Police detain protesters. Almaty, 6 July 2021
Kazakhstan – A protest organised by unregistered Democratic party of Kazakhstan. Police detain protesters. Almaty, 6 July 2021

Додгоҳе дар Алматои Қазоқистон фаъолон Абзал Достиёров ва Олимҷон Избасаровро, ки 6-уми июл дар ҳамоиши эътирозие иштирок карда буданд, ба "майдаавбошӣ" гунаҳкор ва шаш рӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Дар ин бора муовини сардори пулиси шаҳр Рустам Абдураҳмонов ба наздикони фаъолон, ки дар назди идораи пулис бо талаби ироаи маълумот дар бораи пайвандонашон ҷамъ шуда буданд, хабар дод.

Дар Идораи пулиси Алмато гуфтанд, ки фаъолони маҳкумшуда дар тазоҳуроти 6-уми июл кормандони пулисро "таҳқир" кардаанд. Вале наздикони фаъолон бо иддаои пулис розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, он рӯз қонуншиканиро худи кормандони пулис анҷом дода, эътирозгаронро бидуни асос шаш соат дар иҳота гирифтанд.

Ҷонибдорони ҳизби сабтиномнашудаи демократи Қазоқистон 6-уми июл дар Рӯзи пойтахти он кишвар дар назди Қасри варзиши Алмато ҷамъ шуда, гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Пулис ҷамъшудаҳоро ба муҳосира гирифта, иҷозати ҳаракат надод. То соати 13-и рӯзи 6 июл наздики 100 кас дар муҳосираи пулис монданд.

XS
SM
MD
LG