Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар порлумони Қирғизистон ёрӣ ба гурезаҳои қирғизтаборро пешниҳод карданд


Акс аз бойгонӣ

Вакили порлумони Қирғизистон Бейшеналӣ Нурдинов 15-уми июл пешниҳод кард, то ба қирғизтабороне кумак расонида шавад, ки дар пайи ҳамлаҳои Толибон аз Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

"Онҳо аз Толибон гурехтаанд ва паноҳгоҳ меҷӯянд. Ин масъаларо то ба сатҳи ҳукумат ва президент бояд бардошт. Оё мо метавонем ба онҳо кумак кунем ё ба Қирғизистон биорем? Фикр мекунам, ин масъаларо бояд баррасӣ кунем ва ба онҳо кумак расонем", - изҳор дошт вакил.

Дар ду рӯзи охир 347 сокини қирғизтабори вулусволӣ ё ноҳияи Вахони Афғонистон аз тарси ҷангҷӯёни Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Марзбонони тоҷик гуфтанд, аз дасти паноҳандагон 3,5 кило маводи мухаддиро мусодира шуд.

Дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шоми 14-уми июл бо нашри баёния гуфт, дар ду рӯзи охир, 13-ум ва 14-уми июл, аз деҳаи Андемини вулусволии Вахони Афғонистон 347 нафар ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, онҳо барои наҷоти ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Толибон ба марзи Тоҷикистон омаданд ва марзбонони тоҷик бо риояи усули инсондӯстӣ онҳоро ба қаламрави кишвар роҳ доданд.

Дар баёнияи идораи марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, фирориён қирғизтаборони Афғонистонанд.

XS
SM
MD
LG