Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони корӣ дар Одинтсово занозанӣ карданд


Миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар вилояти Маскав боз занозании гурӯҳӣ рух додааст. Дар ин бора оҷонси давлатии хабарии ТАСС бо истинод ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

Муноқиша шаби 14-уми июл бо иштироки тақрибан даҳ нафар дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав ба амал омадааст. Вақте кормандони пулис ба маҳалли ҳодиса расиданд, ширкатдорони муноқиша аллакай бо мошинҳо фирор карда буданд. Сабабҳои муноқиша таҳқиқ мешавад.

Тайи ҳафтаи охир ин занозании дувуми оммавии муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ Русия аст. Ба навиштаи расонаҳои Русия, шаби 12-уми июл миёни муҳоҷирони тоҷик ва қирғиз ва шаҳрвандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар наздикии метрои Кузминки занозании оммавӣ ба вуҷуд омад.

Ду нафар аз захмиён, ки шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд, ба шифохона бурда шуданд. Пулис сабаби сар задани занозаниро таҳқиқ дорад, аммо ба навиштаи расонаҳо гуё бо корд захмӣ шудани ду муҳоҷири қирғиз аз сӯи зодагони Тоҷикистон дар рӯзи 11-уми июл дар Химки боис ба ин занозанӣ шудааст.

Раёсати пулиси шаҳри Маскав гуфт, муҳоҷироне, ки дар занозании оммавӣ дар наздикии истгоҳи метрои Кузминки ширкат доштанд, аз Русия ихроҷ ё мамнуъ-ул-вуруд хоҳанд шуд. То ин дам додгоҳ дар Маскав 48 иштирокчии занонзании оммавиро дар назди метрои Кузминки ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, баъди ин ҳодиса мавҷи боздоштҳои ғайриқонунии зодагони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон шурӯъ шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG