Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико куштори сарбозони афғонро аз сӯи Толибон маҳкум кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Амрико куштори сарбозони нерӯҳои таъйиноти хоси артиши Афғонистон аз тарафи Толибонро маҳкум кард.

Сухангӯйи Департаменти давлатии Амрико, Нед Прайс, рӯзи 14-уми июл гуфт, навори куштор собит мекунад, ки ин "амали даҳшатбор" бидуни шубҳа ба вуқӯъ пайвастааст.

Телевизиони CNN навори қатли 22 сарбози афғонро намоиш дода, таъкид кард, ки шоҳидон ҷой доштани ин амалро тасдиқ кардаанд.

Ба гуфти ҳамин манбаъ, куштори сарбозони воҳидҳои таъйиноти хоси артиши Афғонистон моҳи июн дар шаҳри Давлатободи вилояти Форёб, дар наздикиҳои марзи Афғонистон бо Туркманистон, рӯй дода буд.

Дар навор дида мешавад, ки сарбозон баъди бархӯрд таслим мешаванд, вале Толибон онҳоро мепарронанд.

XS
SM
MD
LG