Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Чин 3 миллион воя ваксинаи "Короновак" мехарад


Тоҷикистон аз Чин беш аз 3 миллион воя ваксинаи "Коронавак" мехарад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, қарор аст, ширкати созандаи ин ваксина Sinovac дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин созишномаи харид ва интиқоли онро пешниҳод кунад.

Гуфтугӯ дар ин замина рӯзи 13-уми июл сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, маблағи вояҳои ваксинаи "Коронавак" аз ҳисоби Созишномаи грантии байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд пардохт мегардад. Харидорӣ ва дастрас кардани ваксинаҳо ба Тоҷикистон тавассути Бунёди кӯдакони Созмони Милал амалӣ мешавад.

Аз ин пештар Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи "Коронавак"-ро ҳамчун ёрии башардӯстона расонда буд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 14-уми июл, тибқи омори расмӣ, боз 47 нафари дигар дар Тоҷикистон ба коронавирус мубтало шуда, 2 кас фавтидааст.

Ҳоло шумори расмии ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 109 нафар расид. Тибқи иттилои расмӣ, то бегоҳи 14-уми июл шумораи умумии гирифторон ба COVID-19 дар Тоҷикистон ба 13958 нафар расида, ба иддаои мақомот, қариб 98 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Баъзе сокинону мутахассисон ин оморро зери шубҳа мегузоранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG