Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як таркиш дар Покистон 9 шаҳрванди Чин ҷон бохтанд


Марзи Покистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Покистон ва Чин. Акс аз бойгонӣ.

Пекин аз Исломобод хостааст, ки омилони кушта шудани чандин коргари чиниро пайдо карда, ҷазо диҳад. Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфтааст, амнияти шаҳрвандони Чин ва кормандони тарҳҳои он кишвар дар Покистон таъмин шавад.

Ба гузориши бахши марказии Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ, дар ҳодисаи 14-уми июл дар Покистон 13 нафар, аз ҷумла 9 шаҳрванди Чин ва 2 сарбози покистонӣ кушта шуданд.

Ҳодиса бар асари таркиш дар як автобуси ҳомили муҳандисон ва коргарони чинии як тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар шимоли Покистон, дар наздикии марз бо Чин, рух дод.

Чин кори тарҳи "Дасу"-ро дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ ҳамчун бахше аз тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" пеш мебарад.

Як мақоми баландпояи ҳукуматӣ ба шарти фош нашудани номаш ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, автобус беш аз 30 муҳандиси чиниро аз як қароргоҳ дар шаҳраки шимолии Дасу ба нерӯгоҳи "Дасу" мебурд.

То ҳанӯз касе масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда нагирифтаааст.

XS
SM
MD
LG