Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистонро ба додгоҳ кашиданд


Акин Токталиев.
Акин Токталиев.

Мудири пешини Комиссияи давлатӣ дар умури дини Қирғизистон Акин Токталиев президенти он кишвар Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) ва сухангӯйи пешини президент Галина Байтерекро ба додгоҳ кашид.

Токталиев гуфт, бидуни асос аз мақоми мудирии Комисияи давлатӣ дар умури дин барканор шудааст. "Замоне ки маро аз мақом барканор карданд, президент ва сухангӯяш маро бо тундгаро баробар донистанд", - гуфт Токталиев.

Вай аз президент ва сухангӯи пешинаш бештар аз 1,1 млн доллар ҷуброн ва узрхоҳӣ талаб дорад. Токталиев рӯзи 8 июл ба додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек шикоят бурдааст. Рӯзи 12 июл додгоҳ шикояти ӯро баргардонид. Аммо вай рӯзи баъдӣ дубора шикоят бурд.

Дастгоҳи президент ва Галина Байтерек то кунун ин мавзуъро шарҳ надодаанд.

Акин Токталиев моҳи ноябри соли 2020 бо қарори Содир Ҷабборов мудири Комисияи давлатӣ дар умури дин таъйин шуд. Вай 9 феврали соли 2021 аз мақом барканор гардид.

XS
SM
MD
LG