Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Токио Деҳаи олимпӣ кушода шуд


То оғози Олимпиадаи Токио бештар аз як ҳафта мондааст. Пойтахти Ҷопон аллакай барои қабули меҳмонон ва иштироккунандагони Бозиҳо омода аст.

Дирӯз дар Токио Деҳаи олимпӣ кушода шуд. Он дар соҳили халичи Токио ҷойгир аст. Дар деҳа 18 ҳазор варзишгар ва дигар намояндагони дастаҳои миллӣ ҷой мегиранд.

Варзишгарон панҷ рӯз пеш аз оғози мусобиқот ба деҳа меоянд ва на дертар аз ду рӯзи анҷоми он бозпас мераванд. Шабакаи тиббӣ дар ин ҷо шабонарӯзӣ кор хоҳад кард (ин имкон медиҳад, ки паҳншавии коронавирус дар худи деҳа назорат карда шавад).

Илова ба деҳа, маркази расонаҳои хабарии олимпӣ расман ифтитоҳ ёфт. Зиёда аз шаш ҳазор хабарнигорони аккредитатсияшуда Олимпиадаи Токиоро инъикос хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, Олимпиадаи Токио-2020 ба иллати пандемияи коронавирус як сол мавқуф гузошта шуд. Бозиҳо дар пойтахти Ҷопон аз 23-юми июл то 8-уми август баргузор мешаванд.

Дар Олимпиадаи Токио Тоҷикистонро даҳ варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.

Вале Гулсумбӣ Шарифова, ки ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон роҳхат гирифтааст, ба иллати лат хӯрдани пояш ба Токио намеравад. «Бандҳои зонуи пойи чапамро дар Маркази саломатии «Шифо»-и Душанбе ҷарроҳӣ карданд ва дар муддати чаҳор моҳ табобат мегирам», - гуфт Гулсумбӣ Шарифова ба Радиои Озодӣ.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳайати варзишии кишвар бо шумули 23 нафар (масъулони соҳа, варзишгарону мураббиён), субҳи 20-уми июл тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Истамбул – Токио барои ширкат дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ ба пойтахти Ҷопон сафар хоҳад кард.

Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз он ҷумла варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ сазовори медали тилло мешаванд, ба маблағи 300 000 сомонӣ ҷоизаи молӣ мегиранд. Барои медали нуқраи олимпӣ 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ ҷоизапулӣ супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG