Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами Тоҷикистонро дар ифтитоҳи Олимпиадаи Токио-2020 Темур Раҳимов мебардорад


Темур Раҳимов (аз рост)

Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки 23-юми июл дар Токиои Ҷопон доир мегардад, интихоб шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ имрӯз, 13-уми июл, аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим 10-уми июл дар ҷаласаи Ассамблеяи кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гирифта шуд. Темур Раҳимов дар охирин радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо дар вазни беш аз 100 кило бо 3241 имтиёз мақоми 17-умро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио шуд.

Дар Олимпиадаи Токио Тоҷикистонро ба ҷуз аз Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов оид ба шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.

Вале Гулсумбӣ Шарифова, ки ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон роҳхат гирифтааст, ба иллати лат хӯрдани пояш ба Токио намеравад.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 23 нафар, аз он ҷумла 10 варзишгар, субҳи 20-уми июл тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Истамбул – Токио барои ширкат дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар пойтахти Ҷопон баргузор мешавад, сафар хоҳад кард.

Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз он ҷумла варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ сазовори медали тилло мешаванд, ба маблағи 300 000 сомонӣ ҷоизаи молӣ мегиранд. Барои медали нуқраи олимпӣ 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ ҷоизапулӣ супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки аз 5-ум то 19-уми августи соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, Тоҷикистонро ҳафт варзишгар муаррифӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Дилшод Назаров медал гирифт. Ӯ дар мусобиқоти ниҳоӣ гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин барои нахустин бор буд, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ шуд.

Вале шаш варзишгари дигари тоҷик - Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Мунтахаби ИМА бо 121 медал (46 тило, 37 нуқра ва 38 биринҷӣ) мақоми аввалро касб кард.

Британияи Кабир бо 67 медал (27 тило, 23 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи дувум ва Чин бо 70 медал (26 тило, 18 нуқра ва 26 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия (18-18-19), Олмон (17-10-15), Ҷопон (12-8-21), Фаронса (10-18-14), Кореяи Ҷанубӣ (9-3-9), Италия (8-12-8) ва Австралия (8-11-10) дохил шуданд.

Умуман, варзишгарони 87 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст оварданд. Варзишгарони 59 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG