Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Эрон, Миср ва Литва бозӣ мекунад


Тими миллии футзали Тоҷикистон.

Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25-ум то 30-юми июл дар Бангкок баргузор мешавад, муайян шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд. Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои миллии Эрон, Миср ва Литва хоҳанд буд. Ҳар се даста иштироккунандагони Ҷоми ҷаҳонии футзал дар соли 2021 мебошанд.

Дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тайланд, Узбекистон, Косово ва Мозамбик рақобат мекунанд.

Тибқи муқаррароти мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбад.

Барои тими миллии футзали Тоҷикистон ширкат дар мусобиқа дар Бангкок яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 хоҳад буд, ки моҳи апрели соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021»

Гурӯҳи "А": Тайланд, Узбекистон, Косово, Мозамбик.

Гурӯҳи "B": Эрон, Миср, Тоҷикистон, Литва.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG