Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Италия қаҳрамони Аврупо-2020 шуд


Мунтахаби Италия дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони Аврупо даст ёфт
Мунтахаби Италия дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони Аврупо даст ёфт

Дастаи мунтахаби миллии футболи Италия, ки дар бозии ниҳоӣ бар мунтахаби Англия аз рӯи силсилаи пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамони Аврупо-2020 даст ёфт. Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид.

Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Италия ва Англия шаби 11-уми июл (бо вақти Душанбе шаби 11-ум ба 12-уми июл) дар варзишгоҳи "Уэмбли"-и Лондон бо ҳузури 67500 тамошобин баргузор шуд.

Ҳисобро дар ибтидои нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 2-юм, Люк Шоу, ҳимоятгари 25-солаи мунтахаби Англия, кушод. Вай тӯби ба назди дарвоза ирсолкардаи ҳамдастааш Триппйерро ба ҳадаф расонд. Зимнан, ин зудтарин гол дар таърихи финали қаҳрамонии Аврупо мебошад. Инчунин ин аввалин голи Шоу, бозигари бошгоҳи “Манчестер Юнайтед”, дар ҳайати мунтахаби Англия ба шумор меравад.

Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 67-ум, Леонардо Бонуччи, ҳимоятгари 34-солаи бошгоҳи “Ювентус”, ҳисобро баробар кард – 1:1. Вай тӯбро аз масофаи наздик ба дарвоза зад. Замони асосии бозӣ бо ҳамин ҳисоб ба поён расид.

Дар 30 дақиқаи замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) низ ҳисоб тағйир наёфт – 1:1. Ғолибро силсилаи пеналтӣ муайян кард. Дар задани зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони Италия омад кард ва онҳо бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуданд.

Бозии ниҳоии Аврупо-2020-ро ҳакамон аз Ҳолланд бо сарварии Бйорн Кейперс доварӣ карданд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Италия бо раҳбарии сармураббӣ Роберто Манчини бори чаҳорум дар таърихи худ ба финали қаҳрамонии Аврупо роҳ ёфт ва бори дувум ғолиб шуд. Соли 1968 Италия дар бозии ниҳоӣ тими миллии Югославияро шикаст дода, ба унвони қаҳрамони Аврупо даст ёфта буд. Вале Италия солҳои 2000-ум ва 2012-ум дар финал мутаносибан аз мунтахабҳои Фаронса ва Испания мағлуб шудааст.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Англия бо раҳбарии сармураббӣ Гарет Саутгейт баъди 55 сол ба ҳаққи ширкат дар финали қаҳрамонии Аврупо мушарраф гашт ва дар таърихи худ натавонист бори дувум медалҳои тиллои ин мусобиқаи бузургтарини қоравиро ба даст биёрад.

Дастаҳои мунтахаби миллии Италия ва Англия, ки дар даври ниманиҳоӣ бар рақибонашон пирӯз шуданд, ба финали қаҳрамонии футболи Аврупо-2020 роҳ ёфтанд.

Нахуст мунтахаби Италия ба финал роҳ пайдо кард. Ин даста дар бозии ниманиҳоӣ бар мунтахаби Испания аз рӯйи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом пазируфт.

Мунтахаби Англия дар бозии ниманиҳоии қаҳрамонии Аврупо-2020 тими миллии Данияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Замони асосӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голи ҳалкунандаро Ҳарри Кане дар замони изофа, дар дақиқаи 104-ум, ба самар расонид.

Дар маросими мукофотсупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Уэмбли” доир гардид, ба дастаи ғолиб – Италия – Ҷоми қаҳрамони Аврупо-2020 ва медалҳои тилло супурда шуд. Медалҳои нуқра насиби мунтахаби Англия гардид. Дастаҳои мунтахаби Испания ва Дания мақоми севумро соҳиб шуданд.

Қаҳрамонии Аврупо-2020 мебоист тобистони соли гузашта баргузор мешуд, аммо бинобар пандемияи коронавирус, мусобиқа ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Бозиҳо аз 11-уми июн то 11-уми июл дар 11 варзишгоҳи 11 шаҳри 11 кишвари Аврупо (Англия, Дания, Испания, Италия, Маҷористон, Озарбойҷон, Олмон, Руминия, Русия, Шотландия ва Ҳолланд) баргузор шуданд. Дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Аврупо-2020 24 дастаи мунтахаби миллии қора иштирок дошт.

Қаҳрамонии АВРУПО-2020. ФИНАЛ

Италия — Англия — 1:1, аз рӯи пеналти — 3:2

Голҳо: Бонуччи, 67 — Шоу, 2

Силсилаи пеналти:

  • Берарди — гол / Кейн — гол
  • Белотти —Пикфорд баргардонд / Магуайр — гол
  • Бонуччи — гол / Рэшфорд — сутуни дарвоза (штанга)
  • Бернардески — гол / Санчо — Доннарумма баргардонд
  • Жоржино — Пикфорд баргардонд/ Сака — Доннарумма баргардонд

Италия: Доннарумма, Ди Лорентсо, Кйеллини, Бонуччи, Верратти (Локателли 96), Жоржинйо, Инсинйе (Белотти, 91), Барелла (Кристанте, 55), Эмерсон (Флорентси, 117), Кйеза (Бернардески, 91), Иммобиле (Берарди, 55).

Англия: Пикфорд, Уокер (Санчо, 119), Шоу, Райс (Ҳендерсон, 74; Рэшфорд, 119), Стоунз, Магуайр, Триппйер (Сака, 71), Филлипс, Маунт (Грилиш, 99), Стерлинг, Кейн.

Варзишгоҳ: «Уэмбли», Лондон (67 500 тамошобин)

Сардовар: Бйорн Кейперс (Ҳолланд)

XS
SM
MD
LG