Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои духтарони то 17-сола ба анҷом расид. Аз рӯи натиҷаи мусобиқа дастаи Тоҷикистон ҷои сеюмро соҳиб шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври охирини мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2021 дастаи Тоҷикистон (U-17) аз тими Эрон бо ҳисоби 0: 3 мағлуб шуд ва мунтахаби Узбекистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби бузурги 8:0 ғолиб омад.
Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии се даври мусобиқа дастаи Узбекистон ҳафт имтиёз ба даст овард ва ғолиби қаҳрамонии CAFA-2021 гардид. Ба дастаи ғолиб Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло супурда шуд.
Медалҳои нуқра бо 6 имтиёз насиби дастаи Эрон гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бо 4 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро касб кард, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ҷоизаи "Fair play"-ро дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба даст овард, ҷоизаи вижа ба тими Афғонистон супорида шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа Лайло Рустуллоева аз дастаи Узбекистон гардид, ки 6 гол задааст. Ҷоизаи муфидтарин бозигари мусобиқа ба Зулфӣ Муҳаддисеҳ аз тими Эрон эҳдо гардид.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи CAFA-2021 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-17)
Даври 1-ум
Узбекистон – Тоҷикистон – 1:1
Голҳо: Лайло Рустуллоева, 45 (1:0). Умеда Ҷалилова, 80+1 (1:1).
Эрон – Афғонистон – 6:0
Голҳо: Зулфӣ Муҳаддисеҳ, 9 (1:0). Ғазал Муршидинекном, 13 (2:0). Нозанинзаҳро Мансуралворис, 17 (3:0). Диана Наврӯзӣ, 34 (4:0). Зулфӣ Муҳаддисеҳ, 74 (5:0). Севинҷ Сулаймонӣ, 80+5 (6:0).
Даври 2-юм
Тоҷикистон – Афғонистон – 5:2
Голҳо: Фотима Фулодӣ, 3 (0:1). Рухшона Файзуллоева, 6 (1:1). Ҷонона Назарова, 12 (2:1). Рухшона Файзуллоева, 21 (3:1). Рухшона Файзуллоева, 42 (4:1). Муниса Гулова, 55 (5:1). Элноз Султонӣ, 74 (5:2).
Эрон – Узбекистон – 0:2
Голҳо: Лайло Рустуллоева, 40+1 (0:1). Лайло Рустуллоева, 73 (0:2).
Даври 3-юм
Тоҷикистон – Эрон – 0:3
Голҳо: Меҳрноз Езатабадипур, 19 (0:1). Зулфӣ Муҳаддисеҳ, 34 (0:2). Малика Багҳеринасаб, 63 (0:3).
Узбекистон – Афғонистон – 8:0
Голҳо: Рухшона Сайидаббосова, 20 (1:0). Севинҷ Раҳматуллоева, 32 (2:0). Рухшона Сайидаббосова, 41 (3:0). Лайло Рустуллоева, 46 – аз пеналти (4:0). Лайло Рустуллоева, 56 (5:0). Ксения Бунтина, 60 (6:0). Лайло Рустуллоева, 67 (7:0). Меҳрубон Эгамбердиева, 80+2 – аз пеналти (8:0).
Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа
Ҷ |
Дастаҳои мунтахаб |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Узбекистон |
3 |
2 |
1 |
0 |
11-1 |
7 |
2 |
Эрон |
3 |
2 |
0 |
1 |
9-2 |
6 |
3 |
Тоҷикистон |
3 |
1 |
1 |
1 |
6-6 |
4 |
4 |
Афғонистон |
3 |
0 |
0 |
3 |
2-19 |
0 |