Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз донишҷӯёни узбек хостаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ президентро "таъриф кунанд"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ба донишҷӯёни донишгоҳҳои Самарқанд ва Андиҷони Узбекистон амр шудааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ президенти он кишвар Шавкат Мирзиёевро таъриф ва мухолифони ӯро танқид кунанд.

Ба гуфтаи як донишҷӯи донишгоҳи Самарқанд, маъмурияти донишгоҳ рӯйхати матлабу шарҳои танқидиро дар шабакаи иҷтимоии "Facebook" ва саҳифаи "Youtube" таҳия карда, миёни донишҷӯён тақсим кардааст, то алайҳи муаллифони онҳо шарҳ нависанд.

Донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳи Андиҷон низ муваззаф шудаанд, ки дар бораи президент матлабҳои таърифӣ нависанд.

Як донишҷӯи факултети филологияи донишгоҳи Самарқанд ба шарти ифшо нашудани номаш рӯйхати матлабҳои танқидӣ дар бораи Мирзиёевро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дар ихтиёри бахши узбекии Радиои Озодӣ гузошт. Он иборат аз 20 матлаб ва шарҳ алайҳи сиёсати президенти Узбекистон аст.

"Моро маҷбур мекунанд, ки зидди муаллифони шарҳу матлабҳои танқидӣ дар Фейсбук нависем. Ман ду рӯз ин амро иҷро накардам, чун намехоҳам, вале ҳоло онҳо маро маҷбур доранд ва ман низ ҷуз навиштан дигар чорае надорам", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Вале муовини ректори донишгоҳи Андиҷон оид ба тарбия ва таълим иддаои донишҷӯёнро рад карда, гуфт, "ба касе амре нашудааст".

XS
SM
MD
LG