Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт


Комроншоҳи Устопириён.
Комроншоҳи Устопириён.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфтааст. Федератсияи ҷудо (Judo, дзюдо)-и Тоҷикистон рӯзи 11-уми июн дар ин робита бо такя ба рӯйхати нави олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (Judo, дзюдо) иттилоъ дод.

Бозиҳои олимпӣ, ки соли гузашта ба сабаби пандемия ба таъхир афтод, имсол дар Ҷопон баргузор хоҳад шуд.

Федератсияи ҷудо (Judo, дзюдо)-и Тоҷикистон 11-уми июн дар сомонаи расмии худ навишт, бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, Комроншоҳи Устопириён дар байни 398 паҳлавони чаҳон, ки дар вазни -90 кило ҳунарнамоӣ мекунанд, бо 2784 имтиёз дар мақоми 21-ум қарор дорад.

Ба иттилои Федератсия, бо ин натиҷа ӯ ба таври мустақим дар феҳристи гуштигироне, ки дар Олимпиадаи Токио-2020 иштирок мекунанд, ҷой гирифт.

Федератсияи ҷудо (Judo, дзюдо)-и Тоҷикистон айни замон иттилоъ додааст, ки паҳлавонони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Темур Раҳимов низ шонс ё имконияти зиёде барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ доранд.

Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол баргузор мешавад. Ин мусобиқа бинобар пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтод.

Комроншоҳи Устопириёни чаҳорумин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳ ёфтааст. Муштзанҳои Тоҷикистон Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ва Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук) қаблан барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифта буданд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудо (Judo, дзюдо)-и ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG