Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав "Фейсбук" ва "Телеграм"-ро барои пок накардани матлабҳои "мамнуъ" ҷарима баст


Додгоҳе дар шаҳри Маскав рӯзи 10-уми июн шабакаҳои иҷтимоии "Фейсбук" ва "Телеграм"-ро бинобар пок накардани муҳтавое, ки аз сӯи давлат мамнуъ эълон шудааст, ҷарима баст.

Як шуъбаи Додгоҳи Маскав, бинобар "қонуншикании маъмурӣ", шабакаи иҷтимоии "Фейсбук"-ро 17 миллион рубл (муодили 235 ҳазор доллар) ва шабакаи иҷтимоии "Телеграм"-ро 10 миллион рубл (муодили 137 ҳазор доллар) қарздор кард.

Ҳукумати Русия иддао кардааст, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани назорати сахттар бар шабакаҳои иҷтимоӣ, тақвияти "истиқлол"-и интернет дар кишвар аст. Вале мунтақидон ба ин бовар ҳастанд, ки бо наздик шудани санаи баргузории интихоботи порлумонӣ ва коҳиши маҳбубияти ҳизби ҳокими "Русияи воҳид", ҳукумат бо чунин иқдомҳо ният дорад дигарандешон ва мухолифонро хомуш кунад. Интихобот моҳи сентябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Фаъолиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия ба сабабҳои гуногун мушкилофар шуда, ин ширкатҳо аз амалкарди ҳукумат интиқод кардаанд.

Яке аз охирин иттиҳоми ҳукумат ба зидди шабакаҳои иҷтимоӣ ин аст, ки шахсони зери синни қонуниро ба ширкат дар тазоҳурот ба тарафдорӣ аз раҳбари зиндонии мухолифон Алексей Навалний ташвиқ кардаанд.

Ниҳоди нозир ба фаъолияти расонаҳо дар Русия рӯзи 24-уми май шабакаи "Гугл"-ро таҳдид кард, ки агар матлабҳои дорои муҳтавои "ғайриқонунӣ"-ро пок накунад, дастрасӣ ба ин сайтро маҳдуд хоҳад кард.

Ҳукумати Русия аз чанд вақт ба ин тараф бинобар пок накардани бархе матлабҳо дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер", суръати гардиши маълумот дар ин шабакаро кунд кардааст.

Моҳи гузашта ҳамин шуъбаи Додгоҳи Маскав "Фейсбук"-ро ба ҳамин иттиҳом ҳудуди 360 ҳазор ва "Гугл"-ро ҳудуди 82 ҳазор доллар ҷарима карда буд.

Дар моҳи апрел низ шабакаи "Твиттер"-ро бинобар пок накардани "маводи мамнуъ" дар умум 120 ҳазор доллар ҷарима кард. Шабакаи иҷтимоии "Тик-Ток" низ дар аввали имсол бо чунин иттиҳом ҷаримаи нақдӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG