Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил гуфт, Отамбоев ба ҷарроҳии фаврӣ ниёз дорад


Ноябли соли 2020. Президенти собиқ Алмосбек Отамбоев дар додгоҳ
Ноябли соли 2020. Президенти собиқ Алмосбек Отамбоев дар додгоҳ

Вакилони президенти собиқи Қирғизистон гуфтанд, ки Алмосбек Отамбоев ба як ҷарроҳии фаврӣ эҳтиёҷ дорад. Замир Жоошев гуфт, ки зерҳимояи ӯ мушкили дарди сутунмӯҳра дорад ва бояд ба зудтарин фурсат аз амалиёти ҷарроҳӣ гузарад. Жоошев гуфт, ки дар шароити маҳбас барпо кардани чунин як амалиёте имкон надорад ва ба ҳамин хотир ҳам Отамбоев бояд ба як беморхонаи маъмулӣ интиқол дода шавад. Отамбоеви 64-сола, ба гуфтаи вакил, инчунин аз мушкилоти марбут ба дарди дил азият мешавад.

Отамбоев бо иттиҳоми озод кардани як ҷинояткори ашаддӣ соли 2020 ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи ноябр ин парванда барои бозбинӣ ба додгоҳи ноҳиявии шаҳри Бишкек ирсол шуд, ҳанӯз далели ин қарор маълум нест. Худи Отамбоев гуфтааст, ки гуноҳе надорад.

Моҳи октябри порсол Отамбоев дар авҷи эътирозҳои мардумӣ алайҳи тақаллуб шудани натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ озод шуд, вале чор рӯз баъдаш бо иттиҳоми ташкили эътирозҳои ғайриқонунӣ ба зиндон рафт. Ӯро бори аввал моҳи августи соли 2019 барои муқовимати мусаллаҳона бо нирӯҳои полис боздошт карданд. Дар муқовиматҳои дурӯза як ходими калони амнияти Қирғизистон кушта ва беш аз 170 нафар маҷрӯҳ шуданд. Президенти собиқ ва 13 нафари дигар дар куштор, талоши куштор, таҳдид ва ҳамла ба намояндаи ҳукумат, гаравгонгирӣ ва ғасби зӯроваронаи қудрат муттаҳам шуданд. Аз рӯи ин парванда ҳанӯз мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ нашудааст.

XS
SM
MD
LG