Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон хостори ҳалли танишҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳи гуфтугӯ шуд


Гурӯҳи Толибон, ки худ даргири ҷангҳои хунин бо нерӯҳои давлатии афғон аст, аз Тоҷикистону Қирғизистон хостааст, ки мушкилашонро бо гуфтугӯ ҳал кунанд. Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод, ки бар асари онҳо аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни гурӯҳи Толибон, рӯзи 5-уми июн бо нашри изҳорот дар "Твиттер" навишт, "Иморати исломӣ (Толибон худро Иморати исломӣ меноманд) бар ҳар ду кишвари исломӣ ва бародар садо менамояд, ки талош кунед, мушкили худро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунед".

Ин баёния меафзояд, "мо беш аз ҳама таҷрибаи амалӣ дар мавриди зиёнҳои ҷангро дорем, оғози ҷанг шояд осон ба назар бирасад, аммо ҷараёни амалии ҷанг ва оқибатҳо ва зиёнҳои боқимонда аз он ба маротиб беш аз он аст, ки ҳар ду ҷиҳат дар сурати тахосум (хусумат) мутаҳаммил мешаванд."

Толибон дар идома гуфтаанд, "аз рӯи таҷрибаи худ аз мақомоти ҳар ду кишвар умед дорем, ки манофеи дарозмуддат, оромиш ва амнияти миллатҳои худро дар назар гирифта, аз роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯ, ҳалли маъқул ва мантиқӣ барои мушкилашон пайдо кунанд. Ин дар хайри ҳар ду кишвар ва ҳар ду миллат хоҳад буд."

Толибон пеш аз ин низ бо мавзеъгирӣ дар бораи муноқишаи Озарбойҷон ва Арманистон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ гуфта буданд, ки ин минтақа бар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бахше аз хоки Озарбойҷон аст, аммо Арманистон ҳанӯз ба ишғоли ин минтақа идома медиҳад.

Дар як моҳи гузашта пас аз танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шуморе аз кишварҳо аз Душанбеву Бишкек хостанд, ки бо роҳи гуфтугӯ ба танишҳо поён диҳанд.

Аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон аз сар задани ин даргирӣ нигаронӣ карда буд. Қазоқистону Узбекистон қаблан аз омодагии худ барои миёнҷигарӣ ҷиҳати коҳиши танишҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода буданд.

Бори аввал аст, ки як гурӯҳ, ки худ даргири ҷангҳои хунин дар кишвараш аст, дар робита ба танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори назар мекунад.

Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳи Толибонро як созмони террористӣ медонанд ва фаъолияти онро дар қаламравҳои худ манъ кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG