Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шаш варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Маҷористон


Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 6-ум то 13-уми июн дар пойтахти Маҷористон шаҳри Будапешт – баргузор мешавад, шаш варзишгари тоҷик (панҷ нафар дар рақобатҳо байни мардон ва як нафар миёни занон) ширкат меварзанд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ иштироки 706 варзишгар (415 мард ва 291 зан) аз 132 кишвари панҷ қораи дунё дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+ 100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон варзишгари тоҷик Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило рақобат хоҳад кард.

Гуштигирон барои 14 маҷмӯи медалҳо миёни мардону занон, инчунин, барои як маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта мубориза мебаранд. Ҳаррӯз ғолибон аз рӯи як вазн байни мардон ва як вазн миёни занон маълум мешаванд.

Рӯзи якшанбеи 6-уми июн гуштигирони вазни сабуктарин – 48 кило миёни занон ва 60 кило байни мардон – қувваозмоӣ мекунанд. 7-уми июн занон дар вазни 52 кило ва мардон дар вазни 66 кило, 8-уми июн занон дар вазни 57 кило ва мардон дар вазни 73 кило, 9-уми июн занон дар вазни 63 кило ва мардон дар вазни 81 кило, 10-уми июн занон дар вазни 70 кило ва мардон дар вазни 90 кило, 11-уми июн занон дар вазни 78 кило ва мардон дар вазни 100 кило, 12-уми июн занон дар вазни беш аз 78 кило ва мардон дар вазни беш аз 100 кило вориди рақобатҳо мешаванд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 13-уми июн – рақобатҳои дастаӣ барпо мегардад.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар Будапешт бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, соли 2019 паҳлавонони тоҷик аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио – доир гардид, бе медал баргаштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд.

Аз байни онҳо ду нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Ҳарду дар вазни зери 73 кило аз ҳафт қувваозмоӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, дар ду рақобат мағлуб шуданд. Барои медали биринҷӣ Беҳрӯз аз Денис Лартсев (Русия) ва Сомон аз Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) шикаст хӯрданд ва дар натиҷа ҷойҳои панҷумро касб намуданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 килограмм ба даст овардааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG