Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поягузори самбо дар Тоҷикистон даргузашт


Исмат Абдуллоев
Исмат Абдуллоев

Исмат Абдуллоев, паҳлавони маъруф ва поягузори самбо дар Тоҷикистон, пас аз бемории тӯлонӣ рӯзи 1-уми июн дар 77-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ ва дафни ӯ дар Душанбе баргузор мешавад.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, гуфт, "хидматҳои Исмат Абдуллоев дар рушди варзиш ва бахусус гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва ҷудо дар Тоҷикистон хеле назаррас аст". Вай дар ин намудҳои варзиш борҳо ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст.

"Исмат Абдуллоев дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон соли 1971 дар Спартакиадаи халқҳои СССР дар рақобатҳо дар вазни 66 кило ҳунарнамоӣ карда, ба панҷгонаи беҳтаринҳо дохил шудааст. Соли 2004 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни устодон, ки дар шаҳри Турсунзода доир шуда буд, дар вазни 82 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст", - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Исмат Абдуллоев ҳамчун мураббии пуртаҷрибаву варзида маъруф буд. Вай дар муддати беш аз 50 соли фаъолияташ дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ садҳо устодони варзиш ва даҳҳо устодони варзиши дараҷаи байналмилалиро дар риштаҳои самбо ва ҷудо ба воя расондааст.

Ӯ солҳои дароз ҳамчун сармураббии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо ва ҷудо кор кардааст. Яке аз шогирдонаш – Саидмуъмин Раҳимов – соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар вазни 100 кило мушарраф шудааст.

Хидматҳои Исмат Абдуллоев бо унвони “Устоди варзиши СССР” (соли 1966), унвони ифтихории “Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон” (1973) ва бисёр ҷоизаҳову ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Вай соли 1975 ба қатори даҳ мураббии беҳтарини Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба самбо дохил шуда, ҳамчунин беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф гаштааст.

Моҳи майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои ҷоизаҳои Исмат Абдуллоев, поягузори ин намуд дар Тоҷикистон, баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 100 навраси 16-18-сола аз манотиқи мухталифи кишвар дар 10 вазн рақобат карданд.

Дар ҷараёни ин мусобиқа Исмат Абдуллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "хабари аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ муваққатан эътироф шудани Федератсияи байналмилалии самбо маро хеле хушҳол кард. Бовар дорам, ки самбо дар оянда ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил гардида, дар Олимпиада мавқеи сазоворро касб мекунад".

XS
SM
MD
LG