Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар Тошканд панҷ медали тилло гирифтанд


Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Узбекистон оид ба варзиши сабук даҳ медал – 5 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ – ба даст оварданд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 28-29-уми май дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар он дар баробари варзишгарони Узбекистон дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд.

Илдар Аҳмадиев дар давиш ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 10.72 сония, Фаворис Музрапов дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 21.79 сония, Григорий Дерепаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 48.27 сония, Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 52.18 сония ва Ҳусниддин Зарипов дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 2 метр барандагони медалҳои тилло шуданд.

Одилшоҳ Исматов дар давиш ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1 дақиқаю 52.48 сония медали нуқра гирифт.

Илдар Аҳмадиев, инчунин дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 48 сантиметр ҷои сеюмро сазовор шуд. Се медали дигари биринҷиро Леонид Пронженко дар давиш ба масофаи 110 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 15.26 сония, Салим Сайдалиев дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 1 метру 95 сантиметр ва Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62.18 метр ба даст оварданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG