Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Челси" бори дуюм ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои UEFA шуд


Дастаи "Челси".
Дастаи "Челси".

Дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои UEFA дар мавсими 2020/2021, ки рӯзи 29-уми май дар варзишгоҳи “Драгау”-и шаҳри Портуи Португалия баргузор шуд, ду бошгоҳи футболи Англия - “Манчестер Сити” ва Челси» - мубориза бурданд.

«Челси», ки дар бозии ҳалкунанда бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, барандаи ҷом гардид. Голи ягонаро нимҳимоятгар Кай Хаверс дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 43-юм, ба самар расонид.

Зимнан, “Челси” бори дуюм дар таърих Ҷоми Аврупоро ба даст овард. Қаблан ин бошгоҳи Англия дар мавсими 2011/12 дар финал бар «Бавария»-и Олмон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буд. "Манчестер Сити" бошад, имсол бори аввал дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо ширкат кард.

Лигаи қаҳрамонҳои UEFA. Финал

«Манчестер Сити» (Англия) — «Челси» (Англия) — 0:1 (0:1)

Гол: Хаверс, 43.

«Манчестер Сити»: Эдерсон, Уокер, Стоунс, Зинченко, Рубен Диаш, Гюндоган, Де Брейне (Габриэл Жезус, 60), Фоуден, Стерлинг (Агуэро, 77), Маҳрез, Бернарду Силва (Фернандиню, 64).

«Челси»: Э.Менди, Тиагу Силва (Кристенсен, 39), Аспиликуэта, Рюдигер, Чилвелл, Ҷеймс, Жоржиню, Канте, Хаверс, Маунт (Ковачич, 80), Вернер (Пулишич, 66).

Огоҳӣ гирифтанд: Гюндоган, 34. Рюдигер, 57. Габриэл Жезус, 88.

Сардовар: Матеу Лаос (Испания).

29-уми май. Порту. Варзишгоҳи «Драгау».

XS
SM
MD
LG