Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (футболбозони соли таваллудашон 2003 ва хурдтар) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021, ки аз 20-уми июн то 6-уми июл дар Миср баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Тибқи натиҷаҳои қуръакашии Ҷоми миллатҳои Араб-2021 байни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дастаи Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд. Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Марокаш (20-уми июн), Имороти Муттаҳидаи Араб (23-юми июн) ва Ҷибути (26-уми июн) мебошанд.

Дар маҷмӯъ, дар Ҷоми миллатҳои араб-2021, ки ба чор гурӯҳ тақсим шудааст, 15 дастаи ҷавонон ширкат меварзад. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба плей-офф роҳ меёбад. Дар сурати ба чорякфинали мусобиқа баромадан, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) яке аз дастаҳои гурӯҳи "А" - Миср, Нигерия, Мавритания ё Алҷазоирро ҳамчун рақиб қабул мекунад.

Бозии ниҳоии Ҷоми миллатҳои Араб-2021 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20) рӯзи 6-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Ҷоми миллатҳои Араб-2021 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)

Гурӯҳи «А»: Миср, Нигерия, Мавритания, Алҷазоир.

Гурӯҳи «В»: Марокаш, Тоҷикистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ҷибути.

Гурӯҳи «С»: Сенегал, Лубнон, Ироқ, Коморҳо.

Гурӯҳи «D»: Тунис, Яман, Арабистони Саудӣ.

Тақвими бозиҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)

Даври 1-ум

20-уми июн (якшанбе)

Оғоз – соати 19:00 бо вақти Душанбе

Марокаш Тоҷикистон

Даври 2-юм

23-юми июн (чоршанбе)

Оғоз – соати 22:00 бо вақти Душанбе

Тоҷикистон – Имороти Муттаҳидаи Араб

Даври 3-юм

26-уми июн (шанбе)

Оғоз – соати 22:00 бо вақти Душанбе

Ҷибути - Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG