Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби футболи Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо Тайланд дар Дубай


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, ба бозии дӯстона бо тими миллии Тайланд омодагӣ мебинад. Ин бозӣ рӯзи шанбе, 29-уми май, дар варзишгоҳи Халид Бин Муҳаммади шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб соати 20:45 бо вақти маҳаллӣ (21:45 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бозӣ пӯшида мегузарад ва дар ягон шабакаи телевизионӣ зинда намоиш дода намешавад.

Дар тамрини тими миллии Тоҷикистон, ки дар майдони эҳтиётии бошгоҳи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» як соат идома кард, ҳамаи 22 бозигаре, ки дар ихтиёри даста мебошанд, иштирок карданд. Беҳтарин голзан дар таърихи мунтахаби миллии кишвар Манучеҳр Ҷалилов, ки пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби Ироқ дар Басра каме осеб дида буд, аз рӯи барномаи инфиродӣ тамрин намуд.

Имрӯз, 28-уми май, ҳамаи аъзои ҳайати вакилони мунтахаби миллии Тоҷикистон аз ташхиси COVID-19 мегузаранд. Бегоҳи ҷумъа даста пеш аз бозии дӯстона бо мунтахаби Тайланд тамрини охирини худро анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Ироқ ва Тоҷикистон, ки шаби душанбеи 24-уми май дар варзишгоҳи «Ал-Файҳа»-и шаҳри Басра баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 0:0 ба анҷом расид.

Баъди бозии дӯстона бо мунтахаби Тайланд тими миллии Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) баргузор мекунад.

XS
SM
MD
LG