Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рухшона узви Шӯрои иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии бадминтон интихоб шуд


Рухшона Нарзуллоева.
Рухшона Нарзуллоева.

Намояндаи Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Рухшона Нарзуллоева узви Шӯрои иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии бадминтон (BWF) интихоб гардид. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси солонаи BWF, ки рӯзи 22-юми май баргузор шуд, роҳбарият ва аъзои Шӯрои иҷроияи Федератсияи ҷаҳонии бадминтон барои чор соли оянда – 2021-2024 - интихоб гардид.

“Боиси хушнудист, ки намояндаи Федератсияи бадминтони Тоҷикистон аз миёни чандин номзадҳо бо 182 овоз узви Шӯрои иҷроияи Федератсияи ҷаҳонӣ интихоб шуд. Рухшона Нарзуллоева ягона узви Шӯрои иҷроияи BWF аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва дувумин намоянда аз собиқ кишварҳои шӯравӣ мебошад”, - гуфт раиси Федератсияи бадминтони Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев.

Дар ҷаласа Пул-Эрик Ҳойер (президент), Ҳунинг Патама Лисвадтракул ва Пол Курзо (ноибони президент) бидуни рақобат дар вазифаҳои худ дубора интихоб шуданд.

Бояд гуфт, ки солҳои ахир ба рушди бадминтон ҳамчун намуди олимпии варзиш дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 100 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ (вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Рашт ва ШНТМ (шаҳру навоҳии тобеи марказ) ширкат карданд.

Ба иттилои Федератсияи бадминтони Тоҷикистон, мусобиқа миёни наврасон - духтарону писарони 12-13-сола, 14-15-сола ва 16-17-сола – сурат гирифт.

Варзишгарони тими Хатлон-1 аз ҳама бештар - 17 медал (7 тилло, 9 нуқра, 1 биринҷӣ) – ба даст оварданд. Дастаи Душанбе соҳиби 6 медал (3 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ) гардид. Ба ШНТМ 4 медал (2 тилло, як нуқра, 1 биринҷӣ), Рашт – 3 медал (2 тилло, 1 биринҷӣ), ВМКБ – 6 медал (1 тилло, 5 биринҷӣ), Суғд – 8 медал (3 нуқра, 5 биринҷӣ) ва Хатлон-2 як медали биринҷӣ супурда шуд.

XS
SM
MD
LG