Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бозии дӯстонаро бо Ироқ мусовӣ кард


Бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Ироқ ва Тоҷикистон, ки шаби душанбеи 24-уми май дар варзишгоҳи «Ал-Файҳа»-и шаҳри Басра баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 0:0 ба анҷом расид.

Бозӣ бо бартарии мизбонон сурат гирифт, вале онҳо аз чандин лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд. Футболбозони тоҷик бошанд, аслан аз пайи ҳимояи дарвозаашон буданд, бинобар ин бештар мизбонон ба нимаи майдони меҳмонон гузашта, дар ҷаримагоҳ ҳолатҳои хатарнокро ба вуҷуд меоварданд.

Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон чаҳор легионер – ҳимоятгар Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Узбекистон), нимҳимоятгарон - Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), Комрон Турсунов (“ТРАУ”, Ҳиндустон) ва ҳамлагар Шериддин Бобоев (“Пенанг”, Малайзия) – дохил буданд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ироқ дар таърихи худ ду бор бо ҳам рақобат кардаанд. Аз ин пеш ҳарду даста 3-юми августи соли 1999 дар Душанбе дар доираи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2000 рӯбарӯ шуда буданд. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Ироқ бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Голи ягонаро аз дастаи Тоҷикистон Тоҳир Муъминов ба самар расонид.

Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, аз Ироқ ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад ва рӯзи шанбе, 29-уми май, дар шаҳри Шарҷа бо тими миллии Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 20:45 бо вақти маҳаллӣ (21:45 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Баъдан тими миллии Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) баргузор мекунад.

Бозии дӯстона

Ироқ – Тоҷикистон – 0:0

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров (Зоир Ҷӯрабоев, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов (Нуриддин Ҳамроқулов, 59), Эҳсони Панҷшанбе, Комрон Турсунов (Илҳом Баротов, 82), Шериддин Бобоев, Рустам Соиров.

Сардовар: Исмоил Ҳабиб Алӣ Исмоил (Баҳрайн).

24-уми май. Басра, Ироқ. Варзишгоҳи «Ал-Файҳа».

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG