Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ироқ дар Басра бозии дӯстона анҷом медиҳад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев шоми имрӯз, 24-уми май, дар варзишгоҳи «Ал-Файҳа»-и шаҳри Басра бо тими миллии Ироқ бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозӣ соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (21:30 – бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 21 бозигар– 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – иборат аст.

Ба тими миллии кишвар чаҳор легионер - Давронҷон Эргашев (“Бунёдкор”, Узбекистон), нимҳимоятгарон - Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Узбекистон), Комрон Турсунов (“ТРАУ”, Ҳиндустон) ва ҳамлагар Шериддин Бобоев (“Пенанг”, Малайзия) – даъват шудаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дӯстона 20-уми май дар Душанбе шуруъ намуд. 22-юми май даста барои бозии дӯстона бо тими миллии Ироқ ба Басра сафар кард.

Пас аз ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб меравад дар Шарҷа бо тими миллии Тайланд бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Баъдан тими миллии Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) баргузор мекунад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили тими миллии Ироқ (24-уми май)

Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)
Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)

Ҳимоятгарон:
Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон)
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Алиҷон Кароматуллозода (ССКА)

Нимҳимоятгарон:
Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)
Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)
Ислом Зоиров («Истиқлол»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»)
Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе)
Алиҷони Айнӣ (озод)

Ҳамлагарон:
Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Рустам Соиров («Истиқлол»)
Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

XS
SM
MD
LG