Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қайиқрони тоҷик Шаҳриёр Даминов аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд


Шаҳриёр Даминов, қайиқрони тоҷик, дар марҳилаи дуюми Ҷоми ҷаҳонии каноэ, ки рӯзҳои 20-23-юми май дар шаҳри Барнаули Русия баргузор шуд, ширкат кард, вале натавонист роҳхати олимпӣ ба даст биёрад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи охирини интихобӣ варзишгарон дар шаш навъи рақобатҳо - С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (занон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) барои шаш роҳхати олимпӣ талош карданд.

Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С-1) ба масофаи 1000 метр
дар сабқати гурӯҳӣ миёни шаш нафар бо натиҷаи 04:14.931 мақоми чорумро соҳиб шуд. Дар нимфинал бошад, миёни 9 нафари гурӯҳи аввал бо натиҷаи 04:18.393 нуҳум шуда ба марра расид ва ба финал роҳ наёфт. Роҳхати олимпиро дар ин сабқат (С-1 1000 метр) Сергей Тарновский аз Арманистон бо натиҷаи 04:14.861 соҳиб гашт.

Дар дигар навъҳои рақобат дар Барнаул намояндагони Литва (К-1 200 м - мардҳо), Чин (К-1 1000 м - мардҳо), Русия (К-1 200 м - занон), Португалия (К-1 500м - занон), Хорватия (С-1 200м - занон) ба ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпӣ даст ёфтанд.

Умуман, дар намуди қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ 248 нафар дар Олимпиадаи Токио ширкат меварзанд. Дар мусобиқаҳои интихобӣ варзишгарони 58 кишвар роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро мушарраф гаштаанд.

XS
SM
MD
LG