Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толеъи "бад"-и охирин паноҳҷӯи тоҷикистонӣ дар Афғонистон. ВИДЕО


Мушкили охирон паноҳандаи тоҷик дар Афғонистон

Давлати Афғонистон ба як хонаводаи паноҳҷӯи тоҷикистонӣ бо гузашти беш аз ду даҳсола шаҳрвандӣ надодааст.

Ин хонавода дар канори шаҳри Кобул дар утоқи танги як меҳмонхона зиндагӣ мекунанд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Толеъи "бад"-и охирин паноҳҷӯи тоҷикистонӣ дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Амирҳамза Ҳалимови 53-сола, зодаи деҳаи Ҷарқӯрғони ноҳияи Қубодиён 8 сол пеш дархости шаҳрвандии Афғонистонро кардааст ва баъди ба қавли худаш, сарсониву саргардонии зиёд чанде пеш посухи рад гирифт. Амирҳамза Ҳалимов, зодаи Тоҷикистон, яке аз охирин паноҳҷӯёни тоҷик, аст, ки дар замони ҷанги дохилӣ ба Афғонистон фирор кард ва ҳанӯз онҷоcт. Бародарону хоҳарони ӯ баъди хатми ҷанг баргаштанд, вале ӯ аз тарси он ки кушта мешавад, ба Тоҷикистон бознагашт.

Тоҷинисо, ҳамсари ӯ мегӯяд, зиндагии сахт доранд. “Мисли як бандӣ ҳастам. На ошпазхона дорем, на ҳоҷатхона. Ҳама чизамон бо мардон умумӣ ҳаст. Ҳама зиндагиамон аз ҳисоби хайрия ҳаст”,--гуфт ӯ.

Се писари ӯ мактабро хатм кардаанд, вале бо сабаби надоштани шиноснома таҳсили худро идома дода наметавонанд ва ҳаққи кор кардан ҳам надоранд.

Мақомоти Афғонистон ва Комиссариати Олии Паноҳандагони Созмони Милал барои дарёфти шаҳрвандии дигар кишвар ба ин хонавода ҷавоби рад додаанд.

Ба Амирҳамза Ҳалимов гуфтаанд, ки ба Тоҷикистон баргардад, вале ӯ мегӯяд, дар ватанаш ӯро марг таҳдид мекунад.

Амирҳамза Ҳалимов 23-сола буд, ки ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон авҷ гирифт ва ӯро ба Афғонистони ҳамсоя бурд.

Ҳоло бо ҳамсару фарзандонаш дар Кобул зиндагӣ мекунад ва чаҳор фарзанди дигараш дар Тоҷикистон, Русия ва Покистон ҳастанд. Духтараш шавҳар карда барои зиндагӣ ба шаҳри Пешавари Покистон рафтааст, се писараш соли 2007 ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ба гуфтаи паноҳҷӯи тоҷик, надоштани шаҳрвандии Афғонистон ва асноди қонунии дигар сабаб шудааст, ки фарзандонаш ва хонумаш, ки дарс мехонданд, аз идомаи омӯзиш маҳрум монанд. Амирҳамза Ҳалимов аз набуди таваҷҷуҳи мақомоти Афғонистон ва муассисаҳои Созмони Милал маъюс шудааст ва мегӯяд, танҳо инро мехоҳад, ки ба кишвари дигаре биравад ва як зиндагии оддие дошта бошад. Амирҳамза Ҳалимов: “Хонаводаам дар ҳар ҷой пароканда аст, якеаш дар Тоҷикистон, якеаш дар Русия аст, чаҳор нафарамон инҷо ҳастем. Мо гуфтем, як кишвари амн равем, ки ҳамаамон якҷо шавем.”

Вазорати муҳоҷирати Афғонистон мегӯяд, ки ин кишвар қонуни паноҳандагӣ надорад ва ба ҳамин сабаб наметавонад, ба мушкили Амирҳамза Ҳалимов ва беш аз 400 паноҳҷӯи дигаре, ки дар Афғонистон ба сар мебаранд, расидагӣ кунад.

Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 садҳо ҳазор аз шаҳрвандони кишвар аз тарси кушта шудан ба Афғонистон гурехтанд, вале баъди поёни он дар соли 1997 ба истиснои гуруҳе бақия баргаштанд. Ҳоло Амирҳамза аз теъдоди ангуштшумор ва ё шояд ягона паноҳҷӯи тоҷик аст, ки дар Афғонистон мондааст. Кишваре, ки солона ҳазорон шаҳрвандаш аз он мегурезанд ва дар хориҷ дархости паноҳандагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG