Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик барои роҳхати олимпӣ оид ба таэквондо дар Урдун талош мекунанд


Моҳру Ҳалимова. Акс аз бойгонӣ.
Моҳру Ҳалимова. Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба таэквондо WTF, ки рӯзҳои 21-22-юми май дар шаҳри Уммони Урдун баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар чаҳор варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68 кг), Хуррам Меҳтаршоев (-80 кг) миёни мардон, Муниса Ойматова (-49 кг) ва Моҳрӯ Ҳалимова (-67 кг) миёни занон дохиланд.

Варзишгарони тоҷикро дар ин мусобиқаи интихобии қитъавӣ, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 мубориза мебаранд, мураббиён Исломиддин Фозилов, Шамсулло Қодиров ва Чонг Чон Фи ҳамроҳӣ мекунанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа варзишгароне, ки дар ин мусобиқаи интихобӣ ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио мушарраф мешаванд.

Ҷаҳонзеб Қармишев, раиси Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон, гуфт, «мо бо дастгирӣ ва кӯмаки молии Кумитаи миллии олимпӣ барои омодагии дастаи мунтахаби таэквондои кишвар ба мусобиқаҳои интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҷамъомади таълимиву тамринӣ доир кардем.»

Ёдовар мешавем, ду варзишгари тоҷик – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов – дар риштаи таэквондо WTF соли 2012 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон иштирок карда буданд.

Ҳамчунин варзишгарони тоҷик оид ба таэквондо WTF дар Бозиҳои осиёӣ чор медали биринҷӣ ба даст овардаанд: Шокирҷон Раҷабов (2006, Доҳа), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова (2014, Инчон).

XS
SM
MD
LG