Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба қаҳрамони бокси Осиё $10 000 ҷоизаи молӣ супурда мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 21-уми май то 1-уми июн дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, бори аввал дар таърихи ин чорабинӣ аз Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) мукофотпулӣ мегиранд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии ҷоизаҳои қаҳрамонии бокси Осиё 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва он ба ғолибон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар ҳар як вазн супурда мешавад.

Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам занон) ҷойи аввалро мегиранд, мукофотпулӣ 10 000 доллари ИМА мебошад. Барои ҷойи дуюм ҷоизаи молӣ 5000 доллари ИМА ва барои ду ҷойи сеюм ҳар кадом 2500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

"Мо стратегияи дар аввал ба нақша гирифташударо иҷро мекунем. Муштзанҳо бояд барои меҳнати пурмашаққаташон мукофот гиранд. Маблағ на танҳо варзишгаронро ҳавасманд мекунад, балки пойдории молиявии онҳо ва оилаҳояшонро низ таъмин менамояд. Мо танҳо ба хотири муштзанҳоямон кор мекунем, онҳо нафарони муҳимтарини созмони мо ҳастанд. Ба ҳамаи ширкаткунандагони қаҳрамонии Осиё муваффақият ва тансиҳатӣ мехоҳам”, - гуфтааст президенти AIBA Умар Кремлёв.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё аз рӯи 10 дараҷаи вазнӣ миёни занон (48 кг; 51 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг) ва 10 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (49 кг; 52 кг; 56 кг; 60 кг; 64 кг; 69 кг; 75 кг; 81 кг; 91 кг; +91 кг) сурат мегирад.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2021 ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 муштзан шомил аст:

Занон


-51кг – Сумайя Қосимова
-54кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова

Мардон

-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Абдураҳмон Ёқубов

-64кг – Баҳодур Усмонов (қаҳрамони феълии Осиё)
-75кг – Абдумалик Болтаев

-81кг – Шаббос Неъматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров

XS
SM
MD
LG